< Муратов барои ёрӣ ба украиниҳо ҷоизаашро фурӯхт » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Муратов барои ёрӣ ба украиниҳо ҷоизаашро фурӯхт

Муратов барои ёрӣ ба украиниҳо ҷоизаашро фурӯхт
Дмитрий Муратов, сардабири нашрияи "Новая газета" дар Русия, медали ҷоизаи сулҳи Нобелро ба 103,5 миллион доллар фурӯхтааст.
Музояда 20-уми июн дар Амрико баргузор шуд. Муратов ҷоизаро соли гузашта гирифт.
Тибқи иттилои Heritage Auctions, тамоми ин маблағ барои мадад ба кӯдакони украинӣ, ки бар асари ҷанги Русия овора шудаанд, ба UNICEF ё Бунёди атфоли Созмони Милал дода мешавад.
Харидор як довталаби ношинос будааст.
Соли 2014 ҷоизаи Нобелро ба 4,76 миллион доллар фурӯхта буданд. Он ҷоизаро соли 1962 Ҷеймс Уотсон барои кашфи сохтори ДНК (DNA) соҳиб шуда буд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий