< Бонки ҷаҳонӣ барои бахши кишоварзӣ ва инкишофи кӯдакон ба Тоҷикистон беш аз 420 млн сомонӣ медиҳад » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Бонки ҷаҳонӣ барои бахши кишоварзӣ ва инкишофи кӯдакон ба Тоҷикистон беш аз 420 млн сомонӣ медиҳад

Бонки ҷаҳонӣ барои бахши кишоварзӣ ва инкишофи кӯдакон ба Тоҷикистон беш аз 420 млн сомонӣ медиҳад
Бонки ҷаҳонӣ барои идомаи ду тарҳ дар Тоҷикистон дар умум, ҳудуди беш аз 420 миллион сомонӣ медиҳад. Ин маблағ барои беҳтар кардани амнияти озуқаворӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, рушди сармояи инсонӣ ба кишоварзӣ ва инкишофи кӯдакон пешбинӣ шудааст.
 
Созишномаҳои дарёфти ин маблағгузориҳои иловагиро Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон ва Гаэл Рабалланд, намояндаи доимии Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон имзо кардаанд.
 
Бонки ҷаҳонӣ рӯзи 10-уми октябр гуфтааст, ки аз ин маблағ 7,5 миллион доллар (қариб 70 млн сомонӣ) барои тарҳи «Таҳкими устувории бахши кишоварзӣ» аз тарафи Анҷумани байналмилалии рушд ҷудо мешавад. Ин пул барои ба анҷом расонидани корҳои сохтмонии маркази агролоҷистикӣ дар ноҳияи Данғара, бо таҷҳизоти зарурии коркард ва банду басти маҳсулоти кишоварзӣ таъмин кардани маркази агролоҷистикӣ дар шаҳри Душанбе ва фароҳам овардани шароити устувори фаъолият дар ҳар ду марказ истифода мешавад.
                                    "                                          
»Ин марказҳо ба кишоварзон барои зиёд кардани даромад, таъсиси ҷойҳои корӣ ва васеъ кардани имкониятҳои содирот кумак карда, ҳамзамон амнияти озуқаворири кумак мерасонад», — навишт манбаъ. 
                                         
Бонки ҷаҳонӣ афзудааст, ки 30 млн еврои дигар (ҳудуди 310 миллион сомонӣ) барои тарҳи «Инкишофи барвақти кӯдакон барои густариши сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон» аз ҷониби Анҷумани байналмилалии рушд (IDA) ва 4,5 млн доллар (қариб 41 млн сомонӣ) доллар маблағгузории иловагӣ аз сӯйи Созу кор (механизм)-и ҷаҳонии таъмини молӣ барои ҳифзи солимии занон, кӯдакон ва наврасон (GFF) ҷудо хоҳад шуд.

Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон ва Гаэл Рабалланд, намояндаи доимии Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон . Акс аз саҳифаи Бонки ҷаҳонӣ дар «Фейсбук»
                                                                   
 Қарор аст бо ин маблағ 300 синфхонаи томактабӣ таъсис дода шуда, сифати хидматрасониҳо дар соҳаи тандурустӣ ва рушди кӯдакон беҳтар карда шавад.                                                              
Вазорати молия иттилоъ додааст, ки аз ин маблағҳо 4,5 миллион доллар кумаки бебозгашт (грант) аст. Маълум нест, ки маблағҳои боқимонда бо кадом шарту шароит ба Тоҷикистон дода мешавад.

Бонки ҷаҳонӣ пештар аз ин ҳам ба дигар бахшҳои Тоҷикистон маблағ ҷудо карда буд. Аз ҷумла, ин бонк моҳи июл барои навсозии низоми обтаъминкунӣ ва обёрӣ ҷудо кардани 75 миллион доллар кумаки молиявӣ (грант) ва барои дастгирии ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон, аз ҷумла дар бахшҳои рақамӣ, ҳавонавардӣ ва энерҷӣ кумаки молиявӣ (грант) дар ҳаҷми 100 миллион долларро тасдиқ карда буд.
Мехоҳед «Азия-Плюс"-ро дар Google бештар бинед? Моро ба манбаъҳои афзалиятнок илова кунед.

Бояд гуфт, барномаи нави ҳафтсолаи Бонки ҷаҳонӣ барои Тоҷикистон барои солҳои 2026-2032, ки шӯрои мудирони ин бонк моҳи июни имсол баррасӣ карда буд, аз татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ ва беҳтар кардани шароит барои сармоягузориҳои хусусӣ вобаста хоҳад буд.
Кишвари мо дар доираи ин барнома метавонад то 1,8 млрд доллар маблағгузории имтиёзнок ва хусусӣ дарёфт кунад, вале ин аз татбиқи ислоҳоти фарогир вобаста аст.


Сарчашма: asiaplus.news

Комментарии (0)

Оставить комментарий