Муҳаммад Наимов пас аз ду бохти пайдарпай аз UFC хориҷ карда шудааст
Муҳаммад Наимов, размикори тоҷики муҳорибаҳои омехта аз рӯйхати иштирокчиёни ташкилоти Ultimate Fighting Championship (UFC) хориҷ карда шудааст. Дар ин бора 9-уми октябр сомонаи варзишии “!Fightomic” хабар додааст.
Дар сомонаи расмии UFC, саҳифаи шахсии Наимови 32-сола то ҳол дастрас аст, аммо мақоми ӯ ҳамчун “Not Fighting” (“ҳунарнамоӣ намекунад”) нишон дода шудааст. Худи варзишгар то ҳол маълумот дар бораи қатъи ҳамкорӣ бо ин ташкилотро ба таври оммавӣ тасдиқ накардааст. Вале яке аз ҳамоҳангсозони чанд варзишгари тоҷик, бидуни зикри номаш, ихроҷи Наимовро аз ин ташкилот тасдиқ кард.
Муҳаммад Наимов дар охирин рақобати худ, ки рӯзи 5-уми сентябри соли 2026 дар мусобиқаи “UFC Fight Night” муқобили Лосене Кейта, размикори белгиягӣ анҷом дод, дар раунди аввал бо нокаут шикаст хӯрд.
Қаблан, ӯ 6-уми декабри соли 2025 дар мусобиқаи “UFC 323” аз Майрон Сантос, размикори Бразилия бо нокаути техникӣ мағлуб шуда буд. Рақобат дар сонияи 21-уми раунди сеюм ба анҷом расид.
Ҳамин тариқ, ду рақобати охирини варзишгари тоҷик дар UFC бо шикастҳои пеш аз муҳлат анҷом ёфтанд.
Муҳаммад Наимов дар UFC чӣ гуна ҳунарнамоӣ кард?Муҳаммад Наимов 3-юми июни соли 2023 нахустин рақобати худро дар UFC анҷом дод. Ӯ дар муддати кӯтоҳ ба пешниҳоди рақобат бо Ҷейми Малларки, варзишгари австралиягӣ розӣ шуд. Размикори тоҷик дар раунди дуюм бо нокаути техникӣ пирӯзӣ ба даст овард. Дар ин ҳунарнамоӣ, ба ӯ эътирофи мухлисон ва 50 ҳазор доллар барои беҳтарин ҳунарнамоии шом дода шуд.
Моҳи октябри ҳамон сол дар мусобиқаи “UFC 294” дар Абу-Заби, Наимов бо қарори якдилонаи доварон бар Натаниэл Вуд, размикори бритониёӣ пирӯз шуда буд.
“
Наимов соли 2025 дубора ба силсилаи пирӯзиҳо баргашт. Моҳи феврали ҳамон сол, ӯ бо қарори якдилонаи доварон бар Каан Офли, размикори австралиягӣ ғолиб омада, моҳи июн бо ҳамин тавр Богдан Град, варзишгари австриягиро мағлуб кард.
Пас аз ин ба ду шикасти пайдарпай рӯбарӯ шуд: аз Майрон Сантос дар моҳи декабри соли 2025 ва Лосене Кейта дар моҳи сентябри соли 2026.
Мехоҳед «Азия-Плюс»-ро дар Google бештар бинед? Моро ба манбаъҳои афзалиятнок илова кунед.
Дар маҷмӯъ, Наимов дар давраи ҳунарнамоии худ дар UFC 8 рақобат анҷом дода, 5 пирӯзӣ ба даст овард ва 3 маротиба шикаст хӯрд.

Муҳаммад Наимов. Акс аз шабакаҳои иҷтимоии размикор
Роҳ то UFCМуҳаммад Наимов фаъолияти касбии худро дар муҳорибаҳои омехта соли 2018 оғоз кардааст. То имзои шартнома бо UFC дар созмонҳои дигар ҳунарнамоӣ карда, дар силсилаи рақобатҳои довталабони Дэйна Уайт низ иштирок дошт.
Соли 2020 Наимов дар мусобиқаи “Dana White’s Contender Series” аз Коллин Англин шикаст хӯрда, натавонист бо UFC шартнома ба имзо расонад. Аммо пас аз се сол ниҳоят ба бузургтарин созмони муҳорибаҳои омехтаи ҷаҳон даъват шуд.
Варзишгар дар мусоҳиба бо UFC зикр карда буд, ки ба хотири идомаи фаъолияти варзишӣ ба ИМА кӯчида, муддати тӯлонӣ дур аз оилааш зиндагӣ кардааст. Барои таъмини рӯзгори худ ӯ ба ҳайси ронандаи “Lyft” ва боррасон (курйер)-и “Uber Eats” кор мекард.
Наимов ҳадафи асосии худро ба даст овардани камарбанди қаҳрамонии UFC унвон мекард.
Натиҷаи умумии фаъолияти касбии Муҳаммад Наимов 13 пирӯзӣ ва 5 шикастро ташкил медиҳад. Ӯ 6 рақобатро бо нокаут, 2 рақобатро бо усулҳои дардовар ё буғӣ кардан ва 5 рақобати дигарро бо қарори доварон ба фоидаи худ анҷом додааст.
Пас аз нашри хабарҳо дар бораи хориҷ шудани Наимов, Нурулло Алиев ва Муин Ғафуров намояндагони фаъоли Тоҷикистон дар UFC боқӣ мемонанд. Қаблан Лоиқ Раҷабов низ ин созмонро тарк карда буд.
Сарчашма: asiaplus.news

Моҳи феврали соли 2024, вай сеюмин пирӯзии пайдарпайи худро дар ин созмон ба даст оварда, рақобатро бо Эрик Силва, варзишгари венесуэлагӣ пеш аз муҳлат ба анҷом расонид. Аммо моҳи июни ҳамон сол, аз Фелипе Лима, размикори Бразилия дар раунди сеюм бо усули буғӣ кардан шикаст хӯрд.
Наимов соли 2025 дубора ба силсилаи пирӯзиҳо баргашт. Моҳи феврали ҳамон сол, ӯ бо қарори якдилонаи доварон бар Каан Офли, размикори австралиягӣ ғолиб омада, моҳи июн бо ҳамин тавр Богдан Град, варзишгари австриягиро мағлуб кард.
Пас аз ин ба ду шикасти пайдарпай рӯбарӯ шуд: аз Майрон Сантос дар моҳи декабри соли 2025 ва Лосене Кейта дар моҳи сентябри соли 2026.
Мехоҳед «Азия-Плюс»-ро дар Google бештар бинед? Моро ба манбаъҳои афзалиятнок илова кунед.
Дар маҷмӯъ, Наимов дар давраи ҳунарнамоии худ дар UFC 8 рақобат анҷом дода, 5 пирӯзӣ ба даст овард ва 3 маротиба шикаст хӯрд.

Роҳ то UFCМуҳаммад Наимов фаъолияти касбии худро дар муҳорибаҳои омехта соли 2018 оғоз кардааст. То имзои шартнома бо UFC дар созмонҳои дигар ҳунарнамоӣ карда, дар силсилаи рақобатҳои довталабони Дэйна Уайт низ иштирок дошт.
Соли 2020 Наимов дар мусобиқаи “Dana White’s Contender Series” аз Коллин Англин шикаст хӯрда, натавонист бо UFC шартнома ба имзо расонад. Аммо пас аз се сол ниҳоят ба бузургтарин созмони муҳорибаҳои омехтаи ҷаҳон даъват шуд.
Варзишгар дар мусоҳиба бо UFC зикр карда буд, ки ба хотири идомаи фаъолияти варзишӣ ба ИМА кӯчида, муддати тӯлонӣ дур аз оилааш зиндагӣ кардааст. Барои таъмини рӯзгори худ ӯ ба ҳайси ронандаи “Lyft” ва боррасон (курйер)-и “Uber Eats” кор мекард.
Наимов ҳадафи асосии худро ба даст овардани камарбанди қаҳрамонии UFC унвон мекард.
Натиҷаи умумии фаъолияти касбии Муҳаммад Наимов 13 пирӯзӣ ва 5 шикастро ташкил медиҳад. Ӯ 6 рақобатро бо нокаут, 2 рақобатро бо усулҳои дардовар ё буғӣ кардан ва 5 рақобати дигарро бо қарори доварон ба фоидаи худ анҷом додааст.
Пас аз нашри хабарҳо дар бораи хориҷ шудани Наимов, Нурулло Алиев ва Муин Ғафуров намояндагони фаъоли Тоҷикистон дар UFC боқӣ мемонанд. Қаблан Лоиқ Раҷабов низ ин созмонро тарк карда буд.
Сарчашма: asiaplus.news
Комментарии (0)