< Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд

Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
​Инчунин дар ин давра 32 миллиону 523 ҳазору 239 рубл маблағи музди меҳнати пардохтнашудаи муҳоҷирони меҳнатӣ баргардонида шуд.
Самтҳои афзалиятноки фаъолияти намояндагӣ  мусоидат намудан ба бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандон, фароҳам овардани шароити арзандаи меҳнат, таъмини кафолатҳои иҷтимоӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии муҳоҷирони меҳнатӣ мебошад.

Дар ин замина масъулин бо намояндагони корхонаю ташкилот ва сохторҳои дахлдори Федератсияи Русия вохӯриҳои корӣ баргузор намуда, масъалаҳои ҷалби қувваи корӣ, муайян намудани ҷойҳои холии корӣ, мутобиқати тахассуси шаҳрвандон ба талаботи бозори меҳнат, таъмини музди меҳнати муносиб ва пардохти саривақтии он, инчунин риояи қоидаҳои бехатарии меҳнатро баррасӣ менамоянд.

Намояндагӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон тавсия медиҳад, ки ҳангоми фаъолияти меҳнатӣ дар хориҷи мамлакат шартномаи расмии меҳнатӣ баста, талаботи қонунгузории муҳоҷиратро риоя намоянд ва аз ҳуқуқу уҳдадориҳои худ огоҳ бошанд. Зеро фаъолияти меҳнатии қонунӣ яке аз омилҳои муҳими ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳо ва таъмини суботи иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатӣ ба ҳисоб меравад.


Сарчашма: khovar.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий