ТАЪРИХИ ПАЙДОИШИ АСЪОРИ МИЛЛӢ. Эҳтироми пули миллӣ эҳтироми миллат аст!
— Пул натиҷаи меҳнати одамон буда, яке аз ихтироъҳои бузургтарини инсоният ба ҳисоб меравад. Он як ҷанбаи асосии илми иқтисодиро дар бар мегирад. Пул дар иқтисодиёт нақши асосиро мебозад, он як ҷузъи асосии бозор мебошад. Нақши пул дар ҷамъият ва вазифаҳои он дар низоми иқтисоди бозорӣ аз он иборат аст, ки ҳамчун занҷир пайвасткунандаи тамоми муносибатҳо мебошад.
Дар иқтисодиёт тавасути пул, нарх ва арзиши молҳо муайян карда мешаванд. Тавассути пул истеҳсолоти маҳсулоти ҷамъиятӣ ба роҳ монда мешавад. Бо ёрии пул ташкилкунӣ, таксимкунӣ ва истифодабарии даромади миллӣ таввасути буҷаи давлатӣ, андоз ва қарз ба роҳ монда мешавад.
Мувофиқи ақидаи олимони илми иқтисод, тангаҳои фулузӣ дар натиҷаи вусъатёбии истеҳсолоти молӣ ва мубодила аввалин бор дар асрҳои XII-и пеш аз мелод дар давлати Чин пайдо шудаанд. Баъдтар бостоншиносон аз соҳилҳои Баҳри Миёназамин тангаҳоеро ёфтанд, ки ба асрҳои VI–VII-и пеш аз мелод тааллуқ доштанд. Ин тангаҳо дар давлатҳои Лидия ва Эгине истифода бурда мешуданд, онҳо вазни якхела, андозаҳои якхела ва нақшҳои якхела доштанд. Оҳиста-оҳиста тангаҳо шакли давраро гирифтанд, ки барои истифодабарӣ хеле мувофиқ буданд.
Бо тақозои замон, дар баробари пешравии истеҳсолот талабот ба пулҳои коғазӣ пайдо шуданд, пулҳои коғазӣ нисбат ба пулҳои филизи бисёр бартариятҳо доранд:
— пулҳои коғазӣ нисбат ба пулҳои филизӣ сабуктар мебошанд.
— хароҷоти истеҳсол кардани пулҳои коғазӣ нисбат ба пулҳои филизӣ камтар мебошад.
Пул аз давраи пайдоишаш то ба имруз дар ду шакли хос баромад мекунад;
-Пулҳои ҳақиқӣ;
-Ҷойивазкунандаи пулҳои ҳақиқӣ.
Нисбати пайдоиши пул ду назария ҷой дорад: назарияи ратсионалӣ ва эволютсионӣ.
Тарафдорони назарияи ратсионалӣ ба он ақидаанд, ки пул дар натиҷаи мубодилаи байни одамон ва дар асоси розигии онҳо ба вуҷуд омадааст.
Асосгузори аввалини ин назария Аристотел буд. Ӯ дар китобаш менависад, ки «Барои таъмини мубодила бояд ягон воҳиди ченаке (ченаки арзишӣ) ҷой дошта бошад ва ин ченак бояд шартан қабул карда шуда бошад».
Иқтисодчии дигар Гелбрейт Джон Кеннет, низ мегӯяд, ки «Аз қафои металҳои қиматбаҳо ва дигар предметҳо, мустаҳкам кардани вазифаи пул, дар асоси розигии одамон ба вуҷуд омадааст»
Ҳамин тавр намояндагони назарияи ратсионалӣ бар он ақидаанд, ки пул моли махсусест, ки дар асоси розигии байни одамон ба вуҷуд меояд.
Назарияи эволютсионӣ нисбати пайдоиши пул тамоман дигар ақидаро пешниҳод мекунад. Тарафдорони ин назария бар он ақидаанд, ки «пул хусусияти молӣ дошта, новобаста аз хоҳишу ихтиёри одамон ба вуҷуд омадааст».
Асосгузори назарияи эвалютсионӣ Карл Маркс мебошад, ки тавонист хусусияти пайдоиши молӣ доштани пулро исбот кунад. Одамон муддати тӯлони наметавонистанд моҳияти пулро кушоянд, намедонистанд, ки сабаби ин қадар тавоноии бузург доштани пул дар чӣ бошад.
Дар асоси таҳлилҳо олимони соҳа маҳфуми пулро чунин шаҳр доданд:
Пул — моли махсуси унверсалиест, ки нақши эквиваленти умумии тамоми молҳоро иҷро мекунад ва тавассути он арзиши дигар молҳо нишон дода мешавад.
То давраи пайдоиши пул, деҳқон барои соҳиб шудан ба як гӯсфанд бояд як-халта гандуми истеҳсолкардаашро ба назди чӯпон бурда иваз мекард, ки бевосита ин ҷараёни мубодила вақти бисёр ва қувваи бисёрро талаб мекард.
Оҳиста-оҳиста аз байни ҳамаи молҳо ду-се моли асоси ҷудо шуда, нақши эквиваленти (баробарии) дигар молҳоро иҷро мекардагӣ шуданд. Ин молҳо пӯст, намак, мол ва оҳан буданд.
Баъдтар бо гузашти вақт дар байни молҳо танҳо металҳои қиматбаҳои суфташуда, тангаҳо, нақши пулро иҷро мекарданд. Ин тангаҳо аз металҳои гуногун ба монанди мисс, нуқра, биринҷӣ ва тилло сохта мешуданд.
Дар давраи давлатдории Сомониён низ дар муомилот тангаҳои фулузӣ буданд. Дар аҳди Оли Сомон зиёда аз 30-нуқтаи дӯконҳои танга сикказанӣ вуҷуд доштанд. Дар он давра тангаҳо бо номи динор (тангаҳои тиллоӣ), дирам (тангаҳои нуқрагӣ) ва исмоилӣ дар муомилот буданд.
Авҷи рушди муомилоти пулӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон ба давраи Сомониён рост меояд. Дар қаламрави давлати Сомониён марказҳои сершумори сикказанӣ фаъолият мекарданд ва дирҳамҳои сомонӣ берун аз ҳудуди давлат низ дар муомилот истифода мешуданд.
Агар Парчам, Нишон, Суруди миллӣ ва забони давлатӣ муқаддасоти миллӣ ва маънавии давлатро ифода кунанд, пас пули миллӣ яке аз муҳимтарин нишонаҳои иқтисодӣ ва молиявии он мебошад.
Пули миллӣ ба давлат имкон медиҳад, ки сиёсати пулию қарзии худро тавассути ниҳодҳои масъул амалӣ намояд, ҳаҷми пулро дар муомилот танзим кунад, ба равандҳои таваррум таъсир расонад, фаъолияти низоми бонкиро ба роҳ монад ва дар ҳолатҳои зарурӣ чораҳои молиявию пулиро мутобиқ ба манфиатҳои иқтисоди миллӣ татбиқ намояд.
Пули миллӣ барои ҳар як давлати мустақил на танҳо воситаи муомилоти иқтисодӣ, балки рамзи аз ҷиҳати сиёсӣ ва иқтисодӣ соҳибистиқлол будани он маҳсуб меёбад. Барои миллати тоҷик пули миллии сомонӣ нишонаи бозгашт ба давлатдории таърихӣ, ифтихори миллӣ ва обрӯю эътибори давлату миллат мебошад.
Барориши нахустин пулҳои қоғазӣ дар қаламрави Осиёи Миёна, ки мисли сиккаҳои нуқра «танга» ном доштанд, ба солҳои охири Ҳукумронии амири охирини Бухоро Саид Олимхон рост меояд. Пулҳои қоғазӣ бо арзиши 20, 50, 100, 300, 500, 1000, 2000, 5000, 10000 танга ба муомилот бароварда шуда буданд.
Моҳи сентябри соли 1920 дар қаламрави Аморати Бухоро ҷумҳурии Халқии Шурои Бухоро ташкил гардид, ки барориши ҳамон пулҳои қоғазии амириро танҳо бо фарқиятҳои ҷузъӣ идома дод, аз ҷумла дар доираи болои навиштаи «Ҳукми ҳумоюни олӣ содир шуд» ба нишонаи шӯравӣ- тасвири дос ва бастаи гандум иваз гардид ва ному вазифаи мансабдорон дигар карда шуданд. Тамоми матни ин пулҳо ба забони тоҷикӣ навишта шудааст.
Дар қаламрави Тоҷикистон то соли 1925 ягон муасисаи бонки мавҷуд набуд. Зарурияти ифтитоҳи муассисаи мустақили бонкӣ бо ташкили Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалиситии Тоҷикистон Бонки давлатии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шуравии Сотсиалистӣ эълон гардид. Ташкили низоми муосори бонкӣ баъди истиқлолият ба даст овардани Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 ва ташкили Бонки миллии Тоҷикистон муяссар гардид.
Дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон дар вазъи бисёр душвори сиёсӣ ва иқтисодӣ қарор дошт. Дар чунин шароит вобастагӣ аз низоми пулии беруна имкониятҳои мамлакатро барои пешбурди сиёсати мустақили иқтисодӣ маҳдуд месохт. Бо вуҷуди он, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1991 истиқлолият ба даст овард, то охири соли 1993 дар ҳудуди ҷумҳурӣ иловапули давраи иттиҳоди Шуравӣ ва баъдтар аз 1 январи соли 1994 пули нақди Федератсияи Русия гардиш мекард.
Тоҷикистон дар байни давлатҳои нави мустаъқил ягона давлате боқӣ монда буд, ки дар қаламравӣ он то соли 1995 рубли Федератсияи Русия дар муомилот истифода мешуд. Ин вазъият як қатор мушкилотҳои ҷиддии иҷтимоию иқтисодиро ба миён овард: қарзи давлатии ҷумҳурӣ аз сабаби нарасидани пули нақд барои пардохти музди кор, нафақа ва кӯмакпулиҳо (барои табақаи эҳтиёҷманд) меафзуд, маблағгузории иқтисодиёт амалан қатъ гардид, ки Бонки миллии Тоҷикистон иконияти гузаронидани сиёсати мустақилонаи пулию қарзӣ ва асъориро надошт. Ҳалли ин мушкилот ва масъалаҳои дигар зарурияти ҷорӣ кардани пули худиро ба миён овард. Аз ин рӯ, ташкили низоми пулии миллӣ ба яке аз масъалаҳои муҳими давлатсозӣ табдил ёфт.
Ҳамин тариқ бо мақсади татбиқи сиёсати самараноки иқтисодӣ, суръатбахши ба дигаргуниҳои иқтисодӣ ва бунёди низоми мустақили пулии Тоҷикистон бо ташаббуси шахсӣ ва дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон дар хусуси амалӣ кардани пули миллии Тоҷикистон қарор қабул гардид.
Қадами нахустин дар ин самт 10 майи соли 1995 гузошта шуд. Дар ин рӯз рубли тоҷикӣ ҳамчун пули миллии Тоҷикистон ба муомилот бароварда шуд. Рубли тоҷикӣ тақрибан панҷ сол дар муомилот қарор дошт. Дар ин муддат, барои ташаккули низоми мустақили пулӣ, таҳкими низоми бонкӣ ва омодасозии заминаҳои гузариш ба пули нави миллӣ таҷрибаи зарурӣ андӯхта шуд. Аз нигоҳи таърихӣ, рубли тоҷикӣ як марҳилаи муҳими роҳи расидан ба сомонӣ буд.
Бо ба эътидол омадани вазъи сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодии мамлакат баъди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон соли 1997 имкони гузариш ба марҳилаи нави ислоҳоти иқтисодӣ бештар гардид.
Мутобиқи Қарори Комиссияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба амалӣ намудани пули миллӣ аз 6 майи соли 1995 «Дар бараи тартиби дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муомилот баровардани пули миллӣ — рубли тоҷикӣ» аз 10 майи соли 1995 пули милии Тоҷикистон ба муомилот барварда шуда, ин воҳиди пулӣ дар мудати 5 сол дар муомилот қарор доштанаш дар ташкили заминаҳои истиқлолияти иқтисодии мамлакат нақши муҳим бозид ва барои оғози фаъолияти нав комилан шароити зарурӣ муҳайё гардонд.
Бо фароҳам омадани суботи сиёсӣ ва иқтисодии давлат Бонки миллии Тоҷикистон соли 1999 бо як ширкати бонуфузи Олмон барои тайёр кардани пули миллӣ, ки таърихи гузашта ва фарҳанги имрӯзаи халқи тоҷикро инъикос менамояд, шартнома баст.
Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 октябри соли 2000 дар хусуси аз таърихи 30 октябри соли 2000 ба муомилот бавардани воҳиди нави пули миллии мамлакат — Сомонӣ, ки ба ифтихори бунёдгузори нахустин давлати мутамаркази тоҷикон Исмоили Сомонӣ (849-907) номгузорӣ шудааст, ба муомилот бароварда шуданд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ислоҳоти пули ду давраро дар бар мегирад;
-10 моҳи майи соли 1995,
-30 моҳи октябри соли 2000.
Барои Тоҷикистон пули миллӣ — сомонӣ воситаи пардохт ва муомилоти иқтисодӣ, таҷассуми роҳи душвору пурпечутоби соҳибистиқлолии мамлакат, рамзи давлатдорӣ, ифтихори миллӣ, пайванди имрӯзу гузаштаи миллат ва яке аз далелҳои возеҳи мустақилияти иқтисодӣ маҳсуб ёфта, дар пули сомонӣ номи Исмоили Сомонӣ — бунёдгузори давлати мутамаркази Сомониён таҷассум гардидааст. Интихоби ном аз лиҳози таърихӣ ва сиёсӣ рамзӣ буда, сомонӣ ба гузашта ишора карда, ба насли имрӯз ва оянда паёми давлатдорӣ, соҳибихтиёрӣ ва худшиносии миллиро мерасонад.
Дар рӯи сомонӣ симои шахсиятҳои барҷастаи таъриху фарҳанги тоҷик, ёдгориҳои меъморӣ, осори санъату ҳунар ва дигар унсурҳои фарҳангӣ ҷой гирифтаанд. Ҳамин тавр, пул дар ҳаёти ҳаррӯзаи инсон вазифаи дигареро низ иҷро мекунад, он таърихи миллатро ба миллионҳо нафар нишон медиҳад. Ҳар касе, ки ба сомонӣ менигарад, дар он осори таърихӣ, чеҳраҳои донишмандону бузургони миллат ва рамзҳои миллию фарҳангиро мушоҳида мекунад. Сомонӣ як навъ шиносномаи фарҳангии Тоҷикистон низ ба шумор меравад.
Ин хусусият, махсусан барои насли ҷавон аҳамияти калон дорад. Ҷавоне, ки таърихи шахсиятҳои дар пули миллӣ таҷассумёфтаро медонад, бояд дарк кунад, ки ҳар тасвир ва ҳар рамз тасодуфӣ интихоб нашудааст. Бинобар ин, муносибати шаҳрванд ба пули миллӣ воситаи эътимоди тарафайн дар иқтисодиёт мебошад. Вақте шаҳрванд сомониро қабул мекунад, ӯ ба он ҳамчун воситаи қонунии пардохт эътимод мекунад, вақте бонк онро нигоҳ медорад, дар асл як қисми низоми молиявиро нигоҳ медорад, вақте давлат онро ба муомилот мебарорад, масъулияти худро дар назди иқтисоди миллӣ иҷро менамояд.
Пули миллиро таҳқир кардан ё қасдан корношоям намудан ба фарҳанги шаҳрвандӣ созгор нест. Пули миллӣ танҳо моликияти шахсии як нафар нест, он як ҷузъи низоми умумии иқтисоди миллӣ мебошад. Дар баробари ин, масъалаи муносибат ба пули миллӣ бояд бо маърифати ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ тавзеҳ дода шавад.
Омӯзиши таърихи сомонӣ метавонад як қисми муҳими тарбияи иқтисодӣ ва ватандӯстии ҷавонон бошад. Ҷавон бояд донад, ки чаро Тоҷикистон ба пули миллӣ ниёз дошт, рубли тоҷикӣ чӣ нақш бозид, чаро номи «сомонӣ» интихоб гардид, дар пули миллӣ симои кадом шахсиятҳо ва ёдгориҳо ҷой гирифтаанд ва сиёсати пулию қарзӣ чӣ аҳамият дорад.
Вақте корманд маош мегирад, соҳибкор маҳсулот мефурӯшад, донишҷӯ хароҷоти рӯзмарраи худро пардохт мекунад, шаҳрванд андоз месупорад ё оила пасандоз мекунад, сомонӣ дар муносибатҳои иқтисодии онҳо иштирок мекунад.
Ҳар як соҳибкор бо рушди истеҳсолот, ҳар як корманд бо меҳнати босифат, ҳар як донишҷӯ бо таҳсилу донишандӯзӣ ва ҳар як шаҳрванд бо муносибати масъулона ба иқтисоди мамлакат метавонад дар таҳкими истиқлоли иқтисодӣ саҳм гузорад.
Аз ин рӯ, пули миллӣ рамз ва механизми амалкунандаи давлатдорӣ мебошад.
Тибқи моддаи 69, банди 15-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президент «Низоми пулиро муайян менамояд ва маълумотро ба Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон пешниҳод менамояд».
Пули миллӣ воқеан қавӣ мешавад, ки иқтисоди миллӣ истеҳсолкунанда, рақобатпазир ва самаранок бошад. Вақте маҳсулоти ватанӣ бозори дохилӣ ва хориҷиро таъмин карда тавонад, вақте шаҳрванд саводи молиявӣ дошта бошад, низоми бонкӣ ба талаботи замон ҷавоб диҳад ва эътимод ба институтҳои иқтисодӣ устувор бошад. Ҳифз ва истифодаи дурусти пули миллӣ вазифаи ҳар як шаҳрванд аст. Мо бояд пулро эҳтиромонаю эҳтиёткорона истифода бурда, барои рушди иқтисоди миллии кишвари худ саҳмгузор бошем. Зеро, ҳифзи сомонӣ вазифа ва масъулияти умумии ҷомеа мебошад.
Сомонӣ имрӯз се маънои муҳимро дар худ таҷассум мекунад: воситаи иқтисодӣ, рамзи давлатдорӣ ва унсури ҳувияти миллӣ.
Дар пулҳои қоғазии нав расми арбобони бузурги муосир ва гузаштаи халқи тоҷик ва ҳамчунин тасвири ёдгориҳои меъмори ва таърихии Тоҷикистон, ашёи санъату ҳунари мардуми тоҷик ҷой дода шудаанд, ки имрӯзҳо сомонӣ ба яке аз пулҳои устувор дар сатҳи ҷаҳон маҳсуб меёбад. Арҷгузорӣ ба пули миллӣ қарзи шаҳрвандӣ буда, эҳтироми пули миллӣ эҳтиром ба давлату миллат, истиқлолият ва ояндаи ободи Тоҷикистон мебошад.
Саодат ҚАЙЮМФАР
мудири шуъбаи омор ва махзани ягонаи электронии аъзои ҳизб дар
Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе
Сарчашма: khovar.tj

Комментарии (0)