Нақшаи даъват ба артиш дар як моҳ беш аз 97% иҷро шудааст
Вазорати дифои кишвар эълон кард, ки дар як моҳ нақшаи ҷалби ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ беш аз 97% иҷро шудааст. Мавсимии тирамоҳии даъват ба аскарӣ рӯзи 1-уми октябр оғоз шуд ва то охири моҳи ноябр давом меёбад.
Ба гуфтаи манбаъ, то кунун Вилояти Мухтори Кӯҳистони бадахшон (ВМКБ), вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хидмати ҳарбиро пеш аз муҳлат ба охир расондаанд.
Шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бошад, нақшаро 99,6% пур кардааст.
"
Қаблан Вазорати дифоъ аз иҷроиши 84%-и нақшаи даъвати тирамоҳӣ дар 10 рӯзи аввали ин маърака хабар дода буд. Аз ин пештар, аз иҷроиши 55%-и нақшаи даъват дар рӯзи аввали ин маърака хабар дода буданд.
Мехоҳед «Азия-Плюс"-ро дар Google бештар бинед? Моро ба манбаъҳои афзалиятнок илова кунед.
Дар мавсими кунунӣ онҳое, ки аз 18 то 27-сол (солҳои таваллуди 1999-2008) доранд, ба артиш ҷалб мешаванд.
Мақомот иҷро нақша пеш аз муҳлатро «афзоиши ихтиёриён, пешниҳоди имтиёзҳо ба даъватшавандагон ва дуруст ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ» арзёбӣ мекунанд. Вале коршиносон мегӯянд, тибқи қонуни нави уҳдадорҳои ҳарбӣ, мақомот ҳақ пайдо карданд, ки тамоми сол ҷавононро ба артиш ҷалб кунанд ва маҳз ин чиз сабаб мешавад, ки онҳо нақшаро дар рӯзҳои аввали маъракаи даъват иҷро кунанд.
Ҳамасола дар давраи корзори давъати ҳарбӣ мавзуи ҷалби ҷавонон ба артиш дар Тоҷикистон доғ мешавад. Шароити номуносиб, бадрафторӣ бо сарбозон, меҳтарсолорӣ ва марги ҷавонон дар қисмҳои ҳарбӣ аз сабабҳои аслии саркашии ҷавонон аз хидмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар гуфта мешавад.
Дар ин маводи «Азия-Плюс» ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъвати ҳарбӣ посух дарёфт кунед: «Даъвати тирамоҳӣ ба артиш оғоз мешавад. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем»

»Вилояти Суғд дар як моҳ нақшаи пешбинигардидаро наздики 92% иҷро карда, то ин дам шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бӯстон, Гулистон, Конибодом, Панҷакент, Истиқлол, Айнӣ, Ашт, Зафаробод ва Кӯҳистони Мастчоҳ аз натиҷаи пуррраи нақшаи даъват ҳисобот додаанд», — илова кард Вазорати мудофиа.
Қаблан Вазорати дифоъ аз иҷроиши 84%-и нақшаи даъвати тирамоҳӣ дар 10 рӯзи аввали ин маърака хабар дода буд. Аз ин пештар, аз иҷроиши 55%-и нақшаи даъват дар рӯзи аввали ин маърака хабар дода буданд.
Мехоҳед «Азия-Плюс"-ро дар Google бештар бинед? Моро ба манбаъҳои афзалиятнок илова кунед.
Дар мавсими кунунӣ онҳое, ки аз 18 то 27-сол (солҳои таваллуди 1999-2008) доранд, ба артиш ҷалб мешаванд.
Мақомот иҷро нақша пеш аз муҳлатро «афзоиши ихтиёриён, пешниҳоди имтиёзҳо ба даъватшавандагон ва дуруст ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ» арзёбӣ мекунанд. Вале коршиносон мегӯянд, тибқи қонуни нави уҳдадорҳои ҳарбӣ, мақомот ҳақ пайдо карданд, ки тамоми сол ҷавононро ба артиш ҷалб кунанд ва маҳз ин чиз сабаб мешавад, ки онҳо нақшаро дар рӯзҳои аввали маъракаи даъват иҷро кунанд.
Ҳамасола дар давраи корзори давъати ҳарбӣ мавзуи ҷалби ҷавонон ба артиш дар Тоҷикистон доғ мешавад. Шароити номуносиб, бадрафторӣ бо сарбозон, меҳтарсолорӣ ва марги ҷавонон дар қисмҳои ҳарбӣ аз сабабҳои аслии саркашии ҷавонон аз хидмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар гуфта мешавад.
Дар ин маводи «Азия-Плюс» ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъвати ҳарбӣ посух дарёфт кунед: «Даъвати тирамоҳӣ ба артиш оғоз мешавад. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем»
Комментарии (0)