< Муҳлати мораторий барои санҷиши соҳибкорон то соли 2029 дароз шуд. Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбат бо соҳибкорон боз чӣ гуфт? » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Муҳлати мораторий барои санҷиши соҳибкорон то соли 2029 дароз шуд. Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбат бо соҳибкорон боз чӣ гуфт?

Муҳлати мораторий барои санҷиши соҳибкорон то соли 2029 дароз шуд. Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбат бо соҳибкорон боз чӣ гуфт?
Ҳамчунин, раисҷумҳури супориш додааст, ки қарзҳои андозии соҳибкорони инфиродии тибқи патент ва шаҳодатномаи бо шартҳои махсус фаъолияткунанда аз ҳисоб бароварда шавад. Ба гуфтаи ӯ, пешниҳодҳои мазкур бояд қарзҳои андозиеро фаро гиранд, ки дар давраи аз соли 2012 то 1 январи соли 2020 ба вуҷуд омада, муҳлати даъвои онҳо гузаштааст.
        
«Сухан дар бораи қарзҳои андозии зиёда аз 20 ҳазор чунин соҳибкорон ба маблағи беш аз 120 миллион сомонӣ меравад. Ҳалли ин масъала ба сабук гардидани бори молиявии шаҳрвандон, беҳтар шудани вазъи иҷтимоии онҳо ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди соҳибкории хурд мусоидат менамояд"- гуфтаат Эмомалӣ Раҳмон.
        
Ба таъкиди номбурда «ҳеҷ як мақоми давлатӣ ё шахси мансабдор ҳуқуқ надорад, ки берун аз доираи салоҳияти худ ба фаъолияти соҳибкор дахолат намояд, қабули қарорро беасос кашол диҳад ё монеаи сунъӣ эҷод кунад».

«Соҳибкорон дар бунёду навсозии беш аз 36 ҳазор иншооти ҷашнӣ саҳм доранд»

Дар идомаи суханронии худ, раисҷумҳур гуфтааст, ки соҳибкорон дар бунёду навсозии зиёда аз 36 ҳазор иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ ва инфрасохторӣ, аз ҷумла ҳазорҳо километр роҳ, ки ба истиқболи ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ сохта шудаанд, саҳм доранд.

Ӯ имрӯз, 14-уми октябр, афзуд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ дар умум аз ҷониби соҳибкорону шахсони саховатпешаи кишвар, зиёда аз 3300 корхонаву коргоҳи саноатӣ, беш аз 4300 иншооти соҳаи маориф, 2200 иншооти тандурустӣ, 2080 майдончаи варзиш, 5100 иншооти хидматрасонӣ бунёду навсозӣ ва ба истифода дода шудааст.

Акс аз Хадамоти матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон

«Бо саҳми онҳо 15 ҳазор километр роҳҳои маҳаллӣ навсозӣ ва 734 пул бунёд гардидааст. Дар 25 соли охир аз ҷониби соҳибкорон зиёда аз 4 миллион ҷойи корӣ таъсис дода шудааст», — афзудааст раисҷумҳур.

Ӯ дар ин робита ба ҳамаи соҳибкорону сармоягузорон ва шахсони саховатпеша «барои саҳми арзандаашон дар ободониву пешрафти кишвар» миннатдорӣ баён кардааст.
                
«Имрӯз ҳиссаи бахши хусусӣ ҳам дар маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ва ҳам дар таъмин намудани шуғли аҳолӣ 70%-ро ташкил медиҳад. Беш аз 80-и даромадҳои андозӣ ба буҷети давлат аз бахши хусусӣ мебошад», — афзудааст раисҷумҳур.
Мехоҳед «Азия-Плюс"-ро дар Google бештар бинед? Моро ба манбаъҳои афзалиятнок илова кунед.

Ба иттилои Эмомалӣ Раҳмон, имрӯз дар қонунгузории кишвар барои соҳибкорону сармоягузорон беш аз 240 кафолату имтиёз, аз ҷумла зиёда аз 110 имтиёзи андозиву гумрукӣ пешбинӣ шудааст.

Акс аз Хадамоти матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон

Ҳамчунин, ба гуфтаи ӯ, «ба мақсади рушди ҳунарҳои мардумӣ истеҳсоли беш аз сад намуди онҳо аз пардохти андоз озод карда шудааст».

Ҷалби сармояи хориҷӣ ва аз кор мондани корхонаҳои саноатӣ

Раисҷумҳур, дар идомаи мулоқоти худ афзуд, ки дар 25 соли охир барои рушди иқтисоди кишвар 760 миллиард сомонӣ сармоя, аз ҷумла 337 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ равона гардидааст.

Ба таъкиди вай, маблағҳо барои бунёди неругоҳу хатҳои интиқоли барқ, роҳу пулу нақбҳо, корхонаҳои саноатӣ, иншооти иҷтимоӣ ва рушди дигар соҳаҳои иқтисоди миллӣ истифода гардидаанд. Ӯ афзудааст, ки дар шароити рақобати шадиди ҷаҳонӣ, дар баробари ҳаҷми сармоя, самаранокии истифодаи он низ бисёр муҳим мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон аз кор боз мондани корхонаҳои саноатӣ нигаронӣ карда гуфтааст, ки дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ аз 4054 корхонаи саноатӣ 631 корхона фаъолият накарда, дар 1234 корхонаи амалкунанда афзоиши истеҳсолот таъмин нагардидааст.
        
«Ин иқтидорҳои истифоданашуда бояд ба кор дароварда шаванд. Роҳбарони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва соҳибони корхонаҳо бояд сабабҳои ҳолати мазкурро дар ҳар як корхона муайян намуда, барои барқарор ё васеъ кардани истеҳсолот чораҳои мушаххас андешанд», — гуфтааст раисҷумҳур
        
Ҳамзамон, ӯ афзудааст, ки таъсиси корхонаҳои нав на танҳо аз рӯйи шумора, инчунин, аз рӯйи иқтидори истеҳсолӣ, сатҳи технологӣ, ҷойҳои кории доимӣ ва қобилияти рақобат дар бозор бояд арзёбӣ карда шавад.

Акс аз Хадамоти матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон

Даъват аз соҳибкорон барои сармоягузорӣ дар ноҳияҳои дурдаст

Дар идома гуфтааст, ки сармоягузору соҳибкор набояд барои ҳалли масъалаи замин, пайвастшавӣ ба неруи барқ, иҷозат, инфрасохтор ва дигар расмиёт миёни идораҳо саргардон шавад. Мақомоти маҳаллӣ бояд барои татбиқи чунин лоиҳаҳо қитъаҳои замини омодашуда, инфрасохтори зарурӣ, маълумоти дақиқ ва қабули саривақтии қарорҳоро таъмин кунанд.
Ӯ аз соҳибкорон даъват кардааст, ки ба роҳандозии фаъолият танҳо дар шаҳрҳои калон маҳдуд нашаванд ва ба ноҳияҳои дурдаст ва кӯҳистон низ сармоягузорӣ кунанд. Дар баробюари ин раисҷумҳур ҳукуматро вазифадор кардааст, ки механизми дастгирии лоиҳаҳои истеҳсолиро дар ноҳияҳои дурдаст ва кӯҳистон таҳия кунад.
        
«Соҳибкорону сармоягузоронро даъват менамоям, ки дар баробари татбиқи лоиҳаҳои истеҳсолӣ ба бунёду навсозии инфрасохтори сайёҳӣ, аз ҷумла меҳмонхонаҳо, истироҳатгоҳҳо ва марказҳои хизматрасонӣ, бахусус дар ноҳияҳои дурдасту кӯҳистон, ки дорои имкониятҳои сайёҳӣ мебошанд, сармояи бештар равона намоянд», — гуфтааст Эмомалӣ Раҳмон.
        

Эмомалӣ Раҳмон аз соҳибкорон хост, аз ҳуши маснуӣ истифода баранд

 Раисҷумҳур дар идомаи суханронии худ ба ҳуши маснӯӣ ҳам ишора карда гуфтааст, ки «ҷаҳон ба давраи зеҳни сунъӣ ворид шудааст ва ин раванд қоидаҳои рақобатро дар ҳамаи соҳаҳо тағйир медиҳад».
«Истифодаи самараноки зеҳни сунъӣ ва дигар технологияҳои нав метавонад арзиши аслии маҳсулотро кам карда, ҳосилнокии меҳнатро баланд бардорад», гуфтааст президент.

Акс аз Хадамоти матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон

Ӯ ба мақомоти масъул супориш додааст, ки таъсиси факултету кафедраҳои технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъиро дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, инчунин шуъбаҳо ва ихтисосҳои дахлдорро дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ вусъат диҳанд.
Ба мақомоти се моҳ муҳлат додааст, ки нақшаи чорабиниҳои мушаххасро бо муайян кардани муассисаҳои таълимӣ, муҳлати иҷро ва манбаъҳои маблағгузорӣ ба ҳукумати пешниҳод кунанд.
                
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ вазифадор шудааст, ки дар се моҳ шартҳои ҷалби сармояро барои бунёди марказҳои коркарди маълумот бо истифода аз неруи барқи «сабз» таҳия ва ба сармоягузорон пешниҳод кунанд.

«Ҳамаи хизматрасониҳои ақайдгирӣ, иҷозатдиҳӣ ва иҷозатномадиҳӣ пурра ба шакли электронӣ гузаронанд»

Эмомалӣ Раҳмон дар идома дар назди соҳибкорон дар барои содда намудани расмиёти иҷозатдиҳӣ ишора карда, иттилоъ додааст, ки ҳоло шумораи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ аз 280 ба 164 кам карда шудааст.
Мехоҳед «Азия-Плюс"-ро дар Google бештар бинед? Моро ба манбаъҳои афзалиятнок илова кунед.

Ӯ ҳукуматро вазифадор кардаааст, ки то охири соли 2027 ҳамаи хизматрасониҳои асосии бақайдгирӣ, иҷозатдиҳӣ ва иҷозатномадиҳӣ пурра ба шакли электронӣ гузаронида шавад.
Акс аз Хадамоти матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон

«Соҳибкор бояд имконият дошта бошад, ки аз пешниҳоди ариза то гирифтани натиҷа ҳамаи расмиёти дахлдорро ба таври электронӣ анҷом диҳад. Ҳамзамон бо ин, номгӯйи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ бо бартараф намудани талаботи зиёдатӣ ва такрорӣ боз ҳам ихтисор карда шавад», — гуфтааст вай.

Ба таъкиди раисҷумҳур, рақамикунонӣ бояд зарурати муроҷиати бевосита ба мақомот, муҳлат ва хароҷоти хизматрасониро кам карда, шаффофият ва сифати хизматрасониро баланд бардорад.

Махзани ягонаи маълумот дар бораи ҳамватанони бурунмарзӣ

Эмомалӣ Раҳмон дар идома дар бораи тоҷикистниҳое, ки дар хориҷи кишвар ба соҳибкорӣ ва соҳаҳои савдо, саноат, молия, илм ва технология фаъолият мекнуанд, ишора карда, ба масъулин супориш додааст, ки «махзани ягонаи маълумотро дар бораи ҳамватанони бурунмарзӣ, аз ҷумла соҳибкорон, сармоягузорон ва мутахассисони соҳибтаҷриба таъсис дода, бо онҳо ҳамкории мунтазам ва ҳадафмандро ба роҳ монанд».
        
«Ҳар як соҳибкоре, ки худро тоҷик мешуморад ва дар ҳар куҷое фаъолият дошта бошад, бояд Ватани худро фаромӯш накунад ва дар ободиву пешрафти он саҳм гузорад. Аз ин рӯ, ҳамватанони бурунмарзӣ, аз ҷумла соҳибкорону мутахассисонро даъват менамоям, ки бо сармоя, донишу таҷриба ва ташаббусҳои созандаи худ дар татбиқи лоиҳаҳои иқтисодиву сармоягузорӣ дар Тоҷикистон фаъолона иштирок намоянд», гуфтааст раисҷумҳур.
        
Дар охир, ӯ  аз соҳибкорон даъват кардааст, ки «корҳои ободониву бунёдкорӣ ва созандагиро идома дода, ин равандро ба истиқболи ҷашни 40-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вусъати бештар бахшанд».

Сарчашма: asiaplus.news

Комментарии (0)

Оставить комментарий