< Песков: Путин омода аст, ки дар рӯзи интихобот фармони қатъи ҳамла ба Украинаро диҳад » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Песков: Путин омода аст, ки дар рӯзи интихобот фармони қатъи ҳамла ба Украинаро диҳад

Песков: Путин омода аст, ки дар рӯзи интихобот фармони қатъи ҳамла ба Украинаро диҳад
Президенти Русия Владимир Путин омода аст дастур диҳад, ки дар рӯзи интихобот ба Украина ҳамла нашавад.Дар ин бора рӯзи душанбе котиби матбуотии раҳбари Русия Дмитрий Песков изҳор дошт.Песков қайд кард, ки Путин муддати тӯлонӣ дар ин масъала сухан гуфтааст."Агар онҳо воқеан хоҳанд, ки интихоботро дар Киев баргузор кунанд, пас президенти Федератсияи Русия, фармондеҳи олии нерӯҳои низомӣ, омода аст дастур диҳад, ки дар рӯзи интихобот ба Украина ҳамла нашвад«, — гуфт котиби матбуотии раҳбари Русия, ки шарҳи ӯро хадамоти матбуотии Кремл нашр кардааст.

Ӯ таъкид кард, ки дар ин ҳолат, ӯ махсусан рӯзи интихоботро дар назар дорад.

Песков инчунин қайд кард, ки Русия омода буд, фавран пас аз интихоботи Думаи давлатӣ музокироти сулҳро идома диҳад, аммо Киев барои халалдор кардани овоздиҳӣ ба қаламрави Русия ҳамлаҳои бузурге анҷом дод."Украина ба ҳавзаҳои интихоботӣ ҳамла кард. Украина якчанд аъзои комиссияҳои интихоботии ноҳиявӣ дар минтақаҳои нави Русияро кушт«, — гуфт Песков.

Сарчашма: sputnik.tj

Комментарии (0)

Оставить комментарий