< Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд

Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
​Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, дар даври ниҳоии марҳилаи интихобӣ футболбоздухтарони тоҷик бар тими Амороти Муттаҳидаи Арабӣ бо ҳисоби бузурги 5:0 пирӯз шуданд.

Қаблан дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун бозиро мусовӣ (1:1) карда, аз дастаи Кореяи Ҷанубӣ бо ҳисоби 0:6 мағлуб шуда буд.

Дар натиҷа, дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо касби чор имтиёз дар гурӯҳи «А"-и марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 мақоми дуюмро ишғол кард. Дастаи Кореяи Ҷанубӣ бо нуҳ имтиёз ғолиби гурӯҳ гардида, ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт.


Сарчашма: khovar.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий