< Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад

Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
​Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе 20 октябр, соати 09:00 дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Дар иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум масъалаҳои омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2026-2027 дар шаҳри Душанбе, татбиқи «Стратегияи рушди иқтисоди „сабз“ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037» ва ҷараёни иҷрои нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ин самт, тасдиқи «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои солҳои 2026-2030» дар шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.

Дар асоси ин қарор вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум дар ҳавзаҳои интихоботӣ бо интихобкунандагон вохӯриҳо доир намуда, аз натиҷаи он ба гурӯҳи корӣ оид ба такмил додани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум то 19 октябр таклифҳои мушаххас пешниҳод менамоянд.


Сарчашма: khovar.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий