< Марзҳои Тоҷикистон барои эрониён боз шуд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Марзҳои Тоҷикистон барои эрониён боз шуд

Марзҳои Тоҷикистон барои эрониён боз шуд
Низоми раводид миёни Тоҷикистону Эрон тавассути роҳҳои заминӣ ва аз тариқи кишвари сеюм ҳам бекор шуд.

Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон аз Муҳаммади Ғадирӣ, консули сафорати Эрон дар Тоҷикистон хабар дод.

Ба гуфтаи оқои Ғадирӣ сафорат акнун рафтуомади шаҳрвандони ду кишвар осонтар мегардад.

Ҳоло барои он шаҳрвандони Тоҷикистону Эрон, ки шиносномаи хориҷӣ доранд ва мехоҳанд бо роҳи заминӣ ё тавассути давлати севум ба ин ду кишвар бираванд, раводид ё виза зарур нест.

Сафорат таъкид кард, ки қаблан шаҳрвандони ду кишвар танҳо тариқи ҳавопаймо метавонистанд бидуни раводид ба муддати 30 рӯз ба кишварҳои ҳамдигар сафар кунанд.

“Ин иқдом барои мардумони ду кишвар таъсири вижа дорад ва барои рушди бахши гардишгарӣ, дармонӣ ва фарҳангӣ таъсири мусбати ҷиддӣ мерасонад”, - гуфт консули сафорати Эрон.

Вай гуфт, ки шаҳрвандони Тоҷикистон ва Эрон ҳақ доранд ба муҳлати 30 рӯз дар давоми се моҳ бидуни раводид ба кишварҳои якдигар ворид ё аз он берун шаванд ва ё муваққатан иқомат кунанд.

Сарчашма: sputnik.tj

Комментарии (0)

Оставить комментарий