Тоҷикистон ва Британияи Кабир ҳамкориро дар самти омӯзиш ва ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ тақвият медиҳанд
Тавре аз Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ хабар доданд, вохӯрӣ бо мақсади таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар самти ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, муаррифии таъриху фарҳанги ғании миллати тоҷик ва баррасии роҳҳои рушди ҳамкории минбаъда баргузор шуд.
Ҷонибҳо оид ба фаъолияти ниҳодҳо, самтҳои асосии фаъолият ва имконияти рушди ҳамкории дуҷониба мубодилаи афкор намуданд. Таъкид гардид, ки таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ метавонад барои омӯзишу муаррифии мероси фарҳангии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам оварад.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар асоси сиёсати «дарҳои боз"-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи таъриху фарҳанг тақвият бахшида, аз ҷумла тавассути табодули таҷриба, баргузории чорабиниҳои муштарак ва омода намудани мутахассисони соҳавӣ дар доираи барномаҳои ҷониби Британияи Кабир минбаъд ҳамкорӣ намоянд.
Инчунин барои идомаи ҳамкории судманд ва татбиқи ташаббусҳои муштарак дар самти ҳифз, омӯзиш ва муаррифии мероси таърихию фарҳангии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ибрози омодагӣ карда шуд.
АКС: Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисто
Сарчашма: khovar.tj

Комментарии (0)