< Сафири Тоҷикистон дар Кувайт бо роҳбарияти хабаргузории KUNA ҳамкории иттилоотиро баррасӣ кард » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Сафири Тоҷикистон дар Кувайт бо роҳбарияти хабаргузории KUNA ҳамкории иттилоотиро баррасӣ кард

Сафири Тоҷикистон дар Кувайт бо роҳбарияти хабаргузории KUNA ҳамкории иттилоотиро баррасӣ кард
​Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт хабар доданд, дар мулоқот масъалаҳои таҳкими ҳамкории иттилоотию расонаӣ ва нақши расонаҳо дар бозтоби раванди густариши муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Кувайт баррасӣ шуданд.

Дар ин замина, ҷонибҳо бар аҳаммияти татбиқи амалии муқаррароти Созишномаи ҳамкорӣ, ки 3 ноябри 2024 дар чаҳорчӯби сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Кувайт байни Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ва Хабаргузории Кувайт KUNA ба имзо расида буд, таъкид карданд.

Дар анҷоми мулоқот омодагии тарафайн ба густариши бештари ҳамкорӣ байни бунгоҳҳои хабарии ду мамлакат, табодули маводди хабарӣ, баҳрабардорӣ аз таҷрибаи ҳамдигар ва бозтоби пайвастаи рӯйдодҳои муҳим дар муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Кувайт изҳор гардид.

Сарчашма: khovar.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий