< Сафири Тоҷикистон бо роҳбари ширкати аморотии Tahaluf AI мулоқот намуд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Сафири Тоҷикистон бо роҳбари ширкати аморотии Tahaluf AI мулоқот намуд

Сафири Тоҷикистон бо роҳбари ширкати аморотии Tahaluf AI мулоқот намуд
​Дар мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба роҳандозии ҳамкории мутақобилан судманд дар самти технологияҳои пешрафта, зеҳни сунъӣ, табдилёбии рақамӣ, ҳукумати электронӣ, шаҳрҳои ҳушманд, ҳувияти рақамӣ ва бунёди махзанҳои додаҳои бузург табодули афкор намуданд.

Ҳамчунин, ҷонибҳо амалисозии лоиҳаҳои муштараки сармоягузориро дар низоми фаъолияти сохторҳои гуногуни давлатӣ, аз ҷумла дар самтҳои иқтисодӣ, энергияи сабз, нақлиёт, инфрасохтор, саноат, маориф, сайёҳӣ, тандурустӣ, муҳоҷират, бонкдорӣ, кишоварзӣ ва рушди устувор муҳим арзёбӣ намуданд.


Сарчашма: khovar.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий