< Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд

Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
​Пас аз ифтитоҳи Академия Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар Фестивали футболи кӯдакона иштирок намуданд, ки дар он футболбозони наврас маҳорати баланд  нишон дода, шоҳиди як чорабинии ҷолиби варзишӣ гардиданд.

Ҳамчунин Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо инфрасохтори маҷмааи нави варзишӣ ва шароите, ки барои омодасозии футболбозони ҷавон фароҳам оварда шудааст, шинос шуданд.

Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар Дарвоз дорои ду майдони футбол бо алафи сунъӣ — болопӯшида ва кушода мебошад, ки барои баргузории тамринҳо ва машғулият дар шароити гуногуни обу ҳаво имкон фароҳам меорад.

Дар ҳудуди маҷмаа ҳамчунин бинои маъмурӣ бунёд гардидааст, ки дар он маҷмааи истиқоматӣ барои будубоши тарбиятгирандагон, ошхона ва толори варзишӣ пешбинӣ шудаанд.

Ифтитоҳи Академияи футбол қадами муҳим дар рушди футболи кӯдакону наврасон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ҳисоб меравад. Бунёди инфрасохтори муосири варзишӣ ба футболбозони ҷавон имкон медиҳад, ки маҳорати худро такмил дода, сатҳи омодагиашонро баланд бардоранд ва иқтидори варзишиашонро боз ҳам рушд диҳанд.


Сарчашма: khovar.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий