Сафири Тоҷикистон дар Амрико бо тоҷикони Канада мулоқот намуд
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико хабар доданд, дар вохӯрӣ масъалаҳо оид ба фаъолияти ҷомеаи тоҷикон, густариши ҳамкории Сафорат бо ҳамватанон, инчунин пешниҳоди хизматрасониҳои консулӣ ба шаҳрвандон баррасӣ гардиданд.
Сафир иброз намуд, ки ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандони бурунмарзӣ, ба хусус ҷомеаи тоҷикони Канада зери таваҷҷуҳи аввалиндараҷаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Ҷомеаи тоҷикон дар Канада оид ба масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҳамватанон ва роҳҳои густариши ҳамкории минбаъда бо Сафорат баёни андеша намуданд. Аз ҷумла, ба ташкили чорабиниҳои фарҳангиву ҷамъиятӣ, иштироки фаъоли ҳамватанон дар чорабиниҳои марбут ба муаррифии таърих ва фарҳанги тоҷикон, ҳифз ва тарғиби забони тоҷикӣ, инчунин густариши робита бо намояндагони ҷомеаи тоҷикон пешниҳодҳои мушаххас баён гардиданд.
Сарчашма: khovar.tj

Комментарии (0)