< Ҳамлаи дигари маргбори Ҳусиҳои таҳти ҳимояти Эрон ба Арабистон » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Ҳамлаи дигари маргбори Ҳусиҳои таҳти ҳимояти Эрон ба Арабистон

Ҳамлаи дигари маргбори Ҳусиҳои таҳти ҳимояти Эрон ба Арабистон
Мақомоти Арабистони Саудӣ гуфтанд, ки дар ҳамлаи нави Ҳусиҳо ба фурудгоҳи шаҳри Риёз 1 нафар кушта ва 11 тани дигар маҷрӯҳ шудаанд.

Ҳамла рӯзи 11-уми октябр ва як рӯз пас аз ҳамлаи маргбори дигар сурат гирифт. Рӯзи 10-уми октябр дар ҳамли маргбор ба фурудгоҳи Малик Холиди Риёз 13 нафар кушта ва беш аз 300 тани захмӣ шуданд.

Навори лаҳзаи ҳамларо инҷо бинед:

Ҳусиҳои Яман, гурӯҳе, таҳти ҳимояти Эрон ҳамлаҳо ба Арабистони Саудиро афзоиш додаанд. Арабистони Саудӣ ба ҳукумати Яман дар муқобила бо Ҳусиҳо кӯмак карда, ба пойгоҳҳои Ҳусиҳо зарбаҳои ҳавоӣ мезанад. Ҳусиҳо Санъо, пойтахти Яман ва чанд шаҳри муҳими ин кишварро дар даст доранд.

Сарчашма: ozodi.org

Комментарии (0)

Оставить комментарий