Бозгашти духтари Назарбоев ба шабакаҳои иҷтимоӣ: Ӯ аз Умари Хайём иқтибос овард
Алия Назарбоева, духтари хурдии президенти пешини Қазоқистон ба шабакаҳои иҷтимоӣ баргашт
Алия Назарбоева, ки саҳифаҳои иҷтимоияшро зимни нооромиҳои охири Қазоқистон тоза карда буд, дубора ба шабакаҳо омад.
Ба навиштаи Sputnik Қазоқистон, он вақт шабакаи Instagram муайян кард, ки духтари Назарбоев дар Имороти муттаҳидаи арабӣ қарор дорад. Ӯ он замон бинои сӯхтаи ҳукумати Алмааторо нашр карда, аз рух додани чунин ҳодиса изҳори нигаронию таассуф карда буд.
Хабар дода мешавад, ки баъди беш аз як ҳафта Назарбоева саҳифаҳояшро дар Facebook ва Instagram барқарор карда, дар яке аз нахустин паёмҳояш аз андарзҳои Умари Хайём, шоири форс иқтибос овардааст. Ӯ навиштааст, Худоро вақти шодмоният ёд кун, то вақти ғамгиният туро ёд кунад.
Паёми қаблӣ, ки 13-уми январ нашр шуда буд, аз Дубай ва паёми ҷадид аз Қазоқистон нашр гардидаст.
Духтари хурдии раисҷумҳури собиқи Қазоқистон 41 сол дошта, ба тиҷорат, фаъолияти иҷтимоӣ, хайрия ва филмсозӣ машғул аст. Аз моҳи ноябри соли 2017 Алия роҳбарии Ассотсиатсияи созмонҳои экологӣ дар Қазоқистонро бар уҳда дорад.
Ёдовар мешавем, дар пайи эътирозҳои оммавӣ дар Қазоқистон аксари расонаҳо навиштаанд, ки Нурсултон Назарбоев ҳамроҳ бо хонаводаш ин кишварро тарк кардааст. Худи Назарбоев бо нашри як навор изҳор дошт, ки давлати пирӣ меронаду дар Қазоқистон қарор дорад.
Комментарии (0)