Медведев: бозори сиёҳи хизматрасонӣ дар бахши муҳоҷират барои амнияти Русия таҳдид мекунад
Дмитрий Медведев, муовини раиси Шӯрои амнияти Русия гуфт, бозори ҷиноии хизматрасонӣ дар бахши муҳоҷиратӣ ба амнияти кишвар хатари ҷиддӣ эҷод мекунад.
Вай дар як ҷаласаи марбут ба масоили муҳоҷиратӣ афзуд, бархе аз муҳоҷироне, ки қонунӣ дар қаламрави Русия ҳузур доранд, вақте, ки бо монеаҳои маъмурӣ рӯбарӯ мешаванд, маҷбур мешаванд, ба миёнаравҳои гуногун муроҷиат кунанд.
"Ҳатто шаҳрвандони хориҷие, ки қонунро риоят мекунанд ва соҳибихтисос ҳастанд, ки мо аз омадани онҳо манфиатдор ҳастем, маҷбур мешаванд, ки мушкили худро бо миёнаравҳо ҳал кунанд. Ин ҳамин тавр аст. Баъзан монеаҳои маъмуриро ҳал кардан хеле мушкил аст", - гуфт Медведев.
Ӯ ин бахшро "макони фасод ва сӯиистифода" номид.
Муовини раиси Шӯрои амнияти Русия таъкид кард, ки "нобудани назорат дар ин самт ба амнияти кишвар хатари ҷиддӣ эҷод мекунад".
Ба андешаи ӯ, шумори муҳоҷирон дар Русия афзоиш хоҳад ёфт, аз ин рӯ барномаи ягона иттилоотӣ дар бораи раванди муҳоҷират зарур аст.
Ба гуфтаи вай, “зарурияти чунин барнома нихоят мухим аст”.
Дар ҳамин ҳол, Вазорати корҳои дохилии Русия аз афзоиши содир намудани ҷиноят дар соли 2021 хабар дода буд. Тибқи омори ин ниҳод, он тақрибан 6 дарсад буд, ҳарчанд як сол пеш ин рақам, баръакс дар ҳоли коҳиёбӣ буд.
Дар маҷмӯъ шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар қаламрави Русия 36,4 ҳазор ҷиноят содир кардаанд.
Қайд карда мешавад. ки аксари ҷиноятҳо, яъне 78,3 дарсад, яъне 28,5 ҳазор ҷиноят аз сӯйи муҳоҷирони кишварҳои ИДМ содир шудааст.
Сарчашма:sputnik-tj.com
Комментарии (0)