< Сухангӯи Назарбоев гуфт “Елбасӣ” куҷост » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Сухангӯи Назарбоев гуфт “Елбасӣ” куҷост

Сухангӯи Назарбоев гуфт “Елбасӣ” куҷост
Раисиҷумҳури пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар пойтахти Қазоқистон шаҳри Нур-Султон қарор дорад. Дар ин бора сухангӯи ӯ Айдос Укибай дар Твиттер хабар дод.

“Елбасӣ дар пойтахти Қазоқистон, шаҳри Нур-Султон аст. Мо аз шумо хоҳиш мекунем, ки маълумоти бардурӯғ ва тахминиро интишор накунед”, навиштааст ӯ.

Вай қайд кардааст, ки Назарбоев як қатор мулоқотҳои машваратӣ мегузаронад ва бо Қосимҷомарт Тоқаев, раисҷумҳури ин кишвар дар тамоси доимӣ аст.

Укибай илова кардааст, ки раисҷумҳури собиқ бо сарони чанд кишвари дӯсти Қазоқистон телефонӣ гуфтугӯ кардааст.

"Елбасӣ аз ҳама даъват кардааст, ки дар атрофи раисҷумҳури Қазоқистон барои бартараф кардани чолишҳои кунунӣ ва таъмини якпорчагии кишвар муттаҳид шаванд", - навиштааст сухангӯи Назарбоев.

Ёдрас мешавем, ки рӯзи 7 январ расонаҳои Қазоқистон хабар доданд, ки раисиҷумҳури пешини ин кишвар бо духтаронаш кишварро тарк кардаанд. Ба иттилои онҳо дар Қазоқистон танҳо бародари хурдии Назарбоев Болат боқӣ монд.

Эътирозҳо дар Қазоқистон

Эътирозҳои оммавӣ дар Қазоқистон дар авоили моҳи январи соли 2022 баргузор шуданд. Сабаби эътирози мардум ду баробар боло рафтани қимати гази моеъ буд.

Комиссияи ташкилшудаи ҳукуматӣ омодагии худро барои коҳиш додани нарх эълон кард, аммо эътирозҳо ба шаҳрҳои дигар паҳн шуд. Онҳо ба зудӣ ба бетартибиҳо, куштору ғорат ва ҳамла ба муассисаҳои давлатӣ табдил ёфтанд.

Дар пасманзари тезутунд шудани вазъ дар Қазоқистон вазъияти изтирорӣ ва манъи рафтуомад ҷорӣ шуда, ҳамоишҳои оммавӣ ва фурӯши аслиҳа манъ карда шуд.

Раисҷумҳури Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев ҳукуматро барканор карда, раёсати Шӯрои амнияти ҷумҳуриро бар уҳда гирифт, нахустин президенти ин кишвар Нурсултон Назарбоевро аз ин мақом барканор карда шуд.

Илова бар ин, бо дархости Тоқаев як гурӯҳ низомиёни кишварҳои узви СААД ба қаламрави ин кишвар ворид шуданд.

Дар натичаи задухурдхо талафоти зиёде дида мешавад, мақомотҳои қудратиии ин кишвар аз боздошти аъзоёни гуруҳҳои террористӣ хабар медиҳанд.

Ба иттилои СММ, дар ҷараёни эътирозҳо тақрибан 1000 нафар ҷароҳат бардоштаанд ва зарар аз ин эътирозҳо аз 200 миллион доллар ҳам бештар аст.


Сарчашма:sputnik-tj.com

Комментарии (0)

Оставить комментарий