< Ҳушдори толибон ба ИМА: Аз ҷанг хаста нашудем ва омодаем 40 соли дигар биҷангем » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Ҳушдори толибон ба ИМА: Аз ҷанг хаста нашудем ва омодаем 40 соли дигар биҷангем

Ҳушдори толибон ба ИМА: Аз ҷанг хаста нашудем ва омодаем 40 соли дигар биҷангем
Ҳукумати толибон аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико даъват мекунад, ки ба корҳои дохилии ин кишвар дигар мудохила накунанд ва дар сурати дахолат кардан онҳо муқовимат нишон медиҳанд.

Ин ҳарфҳоро Шер Муҳаммад Аббос Станекзай, муовини вазири умури хориҷии ҳукумати муваққати толибон рӯзи якшанбе ба шабакаи 1TV-и Афғонистон баён дошт.

"Ман мехостам ба Иёлоти Муттаҳида ҳушдор диҳам, ки ба корҳои дохилии Афғонистон дахолат накунад", - таъкид намудааст ӯ.

Ин намояндаи толибон зикр намуд, "ҳеҷ кас набояд фикр кунад, ки афғонҳо аз ҷанг хаста шудаанд ва наметавонанд аз худ дифоъ кунанд.

 Агар лозим шавад, ин мардум то 40 соли дигар алайҳи "таҷовузгарон" муқовимат нишон диҳад".

Ба гуфтаи Станекзай, дар чаҳор моҳи ахир, аз замони ба қудрат расидани толибон дар Кобул, "Афғонистон барои аввалин бор дар даҳсолаҳои ахир ба қабули тасмимҳои мустақили худ шурӯъ кард".

Толибон баъди эълони тасмими Амрико дар бораи хуруҷи нирӯҳои мусаллаҳаш аз ин кишвар, амалиёти густурда барои барқарории назорат бар Афғонистонро оғоз карданд.

Рӯзи 15 август толибон бидуни ҷанг вориди Кобул шуданд ва Ашраф Ғанӣ раисиҷумҳури ин кишвар Афғонистонро тарк кард.

Рӯзи 6 сентябр толибон эълон карданд, ки тамоми қаламрави Афғонистонро таҳти назорат қарор додаанд ва рӯзи 7 сентябр ҳайати ҳукумати муваққатро эълон карданд, ки то ҳол қонунияти он аз ҷониби ҳеҷ кишваре эътироф нашудааст.


Сарчашма:sputnik-tj.com

Комментарии (0)

Оставить комментарий