Толибон намехоҳанд бо Амрико ҳамкории низомӣ дошта бошанд
Толибон мегӯянд, аз Амрико танҳо кумаки башардӯстона қабул мекунанду халос ва ягон ҳамкории низомӣ бо ин давлатро намехоҳанд
Толибон имкони ҳамкорӣ бо ИМА дар арсаи низомиро истисно мекунад. Дар ин бора Абдул Салом Ҳанафӣ, муовини раиси кобинаи муваққати ин кишвар изҳор дошт.
"Амрикоиҳо мебинанд, ки мардуми Афғонистон бо мушкилоти ҷиддии иқтисодӣ рӯбарӯ аст, аммо онҳо то ҳол ба муҳосираи захираҳои давлатии ин кишвар идома медиҳанд. Мо ҳеҷ гоҳ иҷоза намедиҳем, ки бо ин кишвар дар арсаи низомӣ ҳамкорӣ дошта бошем", - афзудааст Ҳанафӣ.
Дар ҳамин ҳол, Ҷейк Салливан, ёвари раисиҷумҳури Амрико дар умури амнияти миллии Амрико рӯзи ҷумъа таъкид кард, ки мақомоти Амрико омодаанд, ба мардуми Афғонистон кумакҳои башардӯстона расонанд, аммо аз Толибон тақозо мекунанд, ки як зумра ӯҳдадориҳо, аз ҷумла мубориза бо терроризмро иҷро кунанд.
Пас аз эълони тасмими Амрико бобати хуруҷи нирӯҳои мусаллаҳаш аз Афғонистон дар баҳори имсол, Толибон амалиёти густурдаеро барои барқарории назорат бар ин кишвар оғоз карданд.
Рӯзи 15 август ҷангиёни толибон бидуни ҷанг вориди Кобул шуданд ва раисиҷумҳур Ашраф Ғанӣ ин кишварро тарк кард.
Дар авоили моҳи сентябр низомиёни амрикоӣ Афғонистонро комилан тарк карда, ба ҳузури тақрибан 20-солаи худ дар онҷо хотима доданд.
Толибон рӯзи 7 сентябр ҳайати ҳукумати муваққатро эълон карданд, ки то ҳол ягон давлат онро ба расмият қабул накардааст.
Комментарии (0)