< Ширкати "Kam Air" парвозҳои миёни Кобул ва Тошкандро аз сар гирифт » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Ширкати "Kam Air" парвозҳои миёни Кобул ва Тошкандро аз сар гирифт

Ширкати "Kam Air" парвозҳои миёни Кобул ва Тошкандро аз сар гирифт
Ширкати ҳавопаймоии Афғонистон аз 14 декабр парвозҳои мусофирбарӣ байни Кобул ва Тошкандро аз сар мегирад, хабар медиҳад Sputnik Ӯзбекистон.

"Мо хабари хуш дорем - аз 14 декабр парвозҳоро дубора оғоз мекунем", — гуфтанд дар дафтари ширкати ҳавопаймоии Ӯзбекистон ба РИА Новости.

Сухангӯи "Kam Air" қайд кардааст, ки дар аввал парвозҳои мусофирбарӣ дар як ҳафта ду маротиба - рӯзҳои сешанбе ва шанбе анҷом дода мешаванд.

Авохири моҳи ноябр оҷонсиии афғонии Bakhtar бо истинод ба изҳороти сардори ширкати "Kam Air" Змари Комгор хабар дод, ки ҳаракати ҳавоии байни Кобул ва Тошканд метавонад дар аввали моҳи декабр барқарор шавад. Ба гуфти Комгор, мушкили транзити ҳавоӣ ҳал шудааст.


Аммо ҷониби Ӯзбекистон баъдан изҳор дошт, ки дар бораи азсаргирии парвозҳои мунтазам байни Кобул ва Тошканд хабар надорад.

Ғасби ҳукумати Афғонистон аз ҷониби толибон

Нимаи моҳи август гурӯҳи толибон ба пойтахти Кобул ворид шуда, қасри президентро ишғол карданду бо ҳамин аз анҷоми ҷанг дар кишвар хабар доданд.

Шаби 31 август низомиёни амрикоӣ ниҳоят фурудгоҳи Кобулро тарк карда, ба маъракаи тақрибан 20-солаи Амрико дар Афғонистон хотима доданд.

Ҷангҷӯён ҳайати ҳукумати муваққати Афғонистонро эълон карданд.

Сарварии онро Муҳаммад Ҳасан Охунд, ки дар замони ҳукмронии нахустини толибон вазири хориҷа буд ва таҳти таҳримоти СММ қарор дорад, ба ӯҳда гирифтааст.



Сарчашма:sputnik-tj.com

Комментарии (0)

Оставить комментарий