Толибҳо аз қочоқбарон ёдгории таърихӣ мусодира кардаанд
Шамшери таърихие, ки беш аз сад сол пеш сохта шудааст, аз қочоқбарон дар Афғонистон мусодира гардидааст
Толибҳо шамшереро, ки арзиши таърихию фарҳангӣ дорад, аз дасти қочоқбарон мусодира кардаанд, хабар дод Sputnik Афғонистон.
Ба иттилои манбаъ, пулис ин шамшери беш аз садсоларо барои нигоҳдорӣ ба идораи фарҳангу иттилоот дар Афғонистон супоридааст.
Мақомдорони нави Афғонистон аз мардуми кишвар даъват доранд, ки барои ҳифзи арзишҳои тахърихию фарҳангӣ ҳамкорӣ кунанду мероси арзишмандро аз ғорату дуздӣ ҳимоя намоянд.
Шабакаи телевизионии TOLOnews мегӯяд, ин нахустин талош барои ба яғмо бурдани молҳои таърихию фарҳангӣ набуда, қаблан низ чунин ҳолатҳо ба қайд гирифта шуданд.
Ба иттилои ин шабака, мухлисони фарҳанг зимни боздид аз Осорхонаи миллӣ дар Афғонистон, ки ахиран дарашро барои тамошобинон боз намуд, коҳиши ашёҳо дар ин муассисаро мушоҳида кардаанд.
Аммо кормандони осорхонаи миллии Афғонистон мегӯянд, тамоми ёдгориҳои фарҳангию таърихиро дар таҳаввулоти охир ҳифз намудаанд.
Маврид ба зикр аст, ки толибҳо нимаи моҳи августи соли равон ҳукумат дар Афғонистонро ғасб намуда, аз эълони ҷанг дар кишвар хабар доданд. Онҳо эълон намуданд, ки дар Афғонистон "аморати исломӣ" ташкил карда мешаваду идораи давлат бар асоси қонуни шариат роҳандозӣ мегардад. Аммо бархе аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ аз тафсире, ки толибҳо ба қонунҳои шариат медиҳанд, интиқод намуда, таъкид мекунанд, ки дар бисёри мавридҳо ҳуқуқҳои башариро зери пой мекунанд.
Комментарии (0)