Толибон: Аз замони бозгашти дубораи мо ҳеҷ низомии собиқ эъдом нашудааст
Ба гузориши ИСНО ба нақл аз шабакаи телевизионии “Ал-Ҷазира” ахиран Амрико, Австралия, Белгия, Булғористон, Канада, Дания, Иттиҳоди Аврупо, Финландия, Фаронса, Олмон, Ҷопон, Нидерландия, Зеландияи Нав, Македонияи Шимолӣ, Лаҳистон, Португалия, Руминия, Испания, Судон, Шветсия, Англия ва Украина дар баёнияи муштарак, толибони Афғонистонро ба “эъдоми дастаҷамъона”-и нерӯҳи собиқи пулис муттаҳам ва эълон карданд: "Мо аз гузоришҳо дар бораи куштор ва нопадидшавии нерӯҳои амниятии собиқи Афғонистон, ки аз ҷониби созмони Human Rights Watch ва дигарон рӯи санад омадаанд, сахт нигарон ҳастем".
Дар вокуниш ба ин изҳорот, Қорӣ Сайид Хостӣ, сухангӯи вазорати умури дохилаи ҳукумати толибон дар Афғонистон дар як паёми видеоӣ гуфт: "Ин иттилоъ бидуни истинод ба мадорик ва санади мувассақ ироа шудааст ва мо онро рад мекунем".
"Ман қатли аъзои собиқ нерӯҳои амниятиро, ки тобистони гузашта сурат гирифта буд, сабт кардаам. Аммо ин қатлҳо ба далели рақобат ва хусумати шахсӣ буданд", - афзуд Хостӣ.
Дар ҳамин ҳол, Созмони Дидбони ҳуқуқи башар ба тозагӣ гузоришеро мунташир кард, ки дар он гуфта “қатл ё нопадид шудани иҷбории чаҳор тан аз нерӯҳои амниятии миллии Афғонистонро, ки байни 15 август то 31 октябр тавасути нерӯҳои толибон таслим ва ё боздошт шуда буданд" мустанад мекунад.
Ин созмон гуфт, ки дар миёни қурбониён пулис, нерӯҳои истихборотӣ ва ҷангҷӯён низ ҳастанд.
Сухангӯи вазорати умури дохилии толибон муттаҳам кардани ин гурӯҳро дар куштор "беадолатона" хонд ва афзуд, "агар кишварҳои Ғарб асноде дошта бошанд, бояд онро мунташир кунанд”.
Хустӣ мегӯяд, толибон мутааҳид ба афви умумӣ барои кормандони ниҳодҳои амниятӣ аст ва ба лутфи ин афв, бисёре аз онҳо дар Афғонистон "ором" зиндагӣ мекунанд, ҳатто агар онҳо садҳо толибонӣ ва ғайринизомиро дар тӯли ду даҳаи ҷанги гузашта кугшта бошанд.
Сарчашма:sputnik-tj.com
Комментарии (0)