< Расонаҳо: нисфи марказҳои омӯзишии хусусӣ дар даври толибон баста шуданд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Расонаҳо: нисфи марказҳои омӯзишии хусусӣ дар даври толибон баста шуданд

Расонаҳо: нисфи марказҳои омӯзишии хусусӣ дар даври толибон баста шуданд
Аз 40 то 50 дарсади марказҳои омӯзишии хусусӣ дар саросари Афғонистон пас аз ба қудрат расидани толибон баста шуданд. Дар ин бора шабакаи телевизионии Афғонистон Tolo News хабар дод.

Ба гузориши манбаъ, басташавии мактабҳо умдатан ба фақри умумӣ ва ҳамчунин коҳиши теъдоди толибилмон, бахусус духтарон вобаста аст.

Толибон пас аз он ки Амрико дар баҳор эълон кард, ки нерӯҳои мусаллаҳи худро аз Афғонистон берун меорад, амалиёти густурдаеро барои барқарории назорат дар ин кишвар оғоз карданд.

Рӯзи 15 августтолибон бидуни ҷанг вориди Кобул шуданд ва президент Ашраф Ғанӣ ин кишварро тарк кард. Зимнан, ин гурӯҳ рӯзи 7 сентябр ҳайати нави муваққати Афғонистонро эълон кард.

Бо омадани толибон вазъият дар афғоничстон якбора печидатар шуд. Нархи озуқаву сӯзишворӣ якбора гарон шуд, сатҳи бекорӣ афзуд, теъдоди одамони бе хонаву дар низ афзоиш ёфт.

Дар ин асно, мактабҳо фаъолиятро якбора қатъ намуданд ва рӯзи 19 сентябр толибон танҳо ба писарон иҷозати омадани ба дабистонро доданду халос.

Муовини вазири иттилоот ва фарҳанг дар ҳукумати муваққати толибон, Забеҳулло Муҷоҳид таъкид кард, ки духтарон танҳо пас аз анҷоми корҳои омодагӣ барои тақсими синфҳо ва тақсими омӯзгорон ба мактабҳо қабул карда мешаванд.


Сарчашма:sputnik-tj.com

Комментарии (0)

Оставить комментарий