< Wall Street Journal: Толибон дар заминҳое, ки мардум гандум ё ҷуворимакка мекориданд, ба парвариши кӯкнор шурӯъ кардаанд ! » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Wall Street Journal: Толибон дар заминҳое, ки мардум гандум ё ҷуворимакка мекориданд, ба парвариши кӯкнор шурӯъ кардаанд !

Wall Street Journal: Толибон дар заминҳое, ки мардум гандум ё ҷуворимакка мекориданд, ба парвариши кӯкнор шурӯъ кардаанд !
Тӯли солҳои тӯлонӣ тиҷорати афюн як блоки асосии сарвати Афғонистонро ташкил медод.Дар солҳои 1990-ум, бахусус 3 сол пас аз оғози ҳукмронии Толибон, ин кишвар ҳазорҳо тонна  маводи мухаддир истеҳсол карда буд.

Чунин ба назар мерасад, ки бозгашти Толибон аз моҳи августи имсол ин тиҷорати мамнӯи байналмилалиро дубора эҳё кард, зеро чанд бозор ривоҷ ёфт, дар ҳоле ки Толибон зоҳиран аз ин масъала рӯй гардониданд ва ин тиҷоратро тарк карданд!

Бар асоси гузорише, ки рӯзи якшанбе дар рӯзномаи “Wall Street Journal” нашр шуд, як бозори нав дар шаҳри Толикон, маркази вилояти Тахор, дар шимолу шарқи он, кушода шуда аст, ки даҳҳо тоҷир дар дараҷаҳои мухталиф ба тиҷорати афюн машғул буданд.

Ва ин бозори серодам баъди ба қудрат расидани Толибон дар ҳоле пайдо шуд, ки халтаҳои пластикии пур аз маводи мухаддир дар хиёбонҳо дар пеши назари мардум ба намоиш гузошта мешуданд.

Кукнор ба ҷои гандум
Дар баробари ин, деҳқонони вилояти Қандаҳор, гаҳвораи Толибон, дар заминҳое, ки гандум ё ҷуворимакка мекоранд, ба парвариши кӯкнор шурӯъ кардаанд.

Дар мавриди масъули амниятии Толибон, ки дар бозори афюни Толикон ҳузур дошт, танҳо нигарониӣ ва хоҳиши ӯ аз хабарнигорони хориҷие, ки ба меҳмонӣ омадаанд, ин буд, ки аз ин ҷо раванд, то ҳодисаҳои дар он ҷо рухдода инъикос нашавад.

Толибон қаблан ваъда дода буданд, ки дар охири моҳи август саноати маводи мухаддири чандмиллиарддолларии кишварро, ки 85 дарсади тавлиди афюн дар саросари ҷаҳонро ташкил медиҳад, аз байн хоҳанд бурд.

Аммо пас аз се моҳ, мавсими парвариши кӯкнор бар хилофи ваъдаи Толибон оғоз ёфт.

Аз сӯйи дигар, изҳороти Қорӣ Саиди Хустӣ, сухангӯи дохилии Толибон, мухолифати ошкори амал ва гуфтори ин ҷунбишро ошкор кардааст, зеро ба гуфтаи ӯ, мақомоти ин ҷунбиш дар Кобул дар муқобила бо қочоқи маводи мухаддир ҳанӯз ҷиддӣ ҳастанд.

Вай иддао кард, ки ҳадафи ҳукумати Толибон ҷилавгирӣ аз “афзоиш ва тиҷорати маводи мухаддир” аст.

Қобили зикр аст, ки тайи 20 соли ҳузури Амрико дар Афғонистон Толибон аз тиҷорати маводи мухаддир барои маблағгузории шӯришиёни худ истифода мекарданд.

Тибқи ҳисобҳои Идораи мубориза бо маводи мухаддир ва ҷинояткории Созмони Милали Муттаҳид, соли гузашта майдони кишти хашхош дар Афғонистон 37 дарсад афзоиш ёфта, ба 554 000 гектар расидааст.

Комментарии (0)

Оставить комментарий