< СММ: Дар Афғонистон 35 миллион нафар дар гаравгон қарор доранд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

СММ: Дар Афғонистон 35 миллион нафар дар гаравгон қарор доранд

СММ: Дар Афғонистон 35 миллион нафар дар гаравгон қарор доранд
Як узви Созмони Афви Байналмилал вазъи кунунии Афғонистонро даҳшатнок ва ғайриинсонӣ хонда, хомӯшии созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башарро интиқод карда аст.

Самира Ҳамидӣ, мудири бахши Афғонистон, дар Созмони Милали Муттаҳид дар Твиттер навишт, ки вазъи феълии Афғонистон “ваҳшатнок” ва “ғайриинсонӣ” аст ва гуфтааст, дар кишваре, ки мардум барои зинда мондан фарзандони худро мефурӯшанд ва ҷаҳон онро тамошо мекунад, ҳуқуқи башар бемаънӣ ба назар мерасад.

Ҳамидӣ дар идома навиштааст, ки вазъи феълии Афғонистон шикасти дастаҷамъии ҳамаи онҳое аст, ки иддаъо кардаанд, ки Афғонистон беҳбуд ёфта истодааст ва афзуд, дар асри 21 дар Афғонистон 35 миллион нафар дар гаравгон қарор доранд.

Қаблан бархе аз расонаҳо гузориш дода буданд, ки хонаводаҳо дар Афғонистон фарзандони худро барои ғизо ва маводи ғизоӣ мефурӯшанд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий