Патрушев: Бояд бо муҳоҷирати беназорат аз Афғонистон мубориза барем
Дабири Шӯрои амнияти Русия гуфт, афзоиши шумори паноҳандагон аз Афғонистон таҳдид ба суботи минтақа аст
Афзоиши якбораи шумори паноҳандагон аз Афғонистон ба суботи минтақа таҳдид мекунад, гуфт дабири Шӯрои амнияти Русия Николай Патрушев дар Ҳиндустон зимни баргузории Муколамаи Деҳлӣ оид ба амнияти минтақавӣ дар Афғонистон.
"Мо хатарҳои ҷиддии вуруди унсурҳои террористӣ ва ифротгаро, инчунин тоҷирони маводи мухаддирро, ки ба сурати гуреза ва афғонҳое, ки бо ғарбгароён ҳамкорӣ мекунанд, ба қаламрави кишварҳои ҳамсояи Осиёи Марказӣ ва минбаъд ба Русия рӯбарӯ ҳастем", - афзуд Патрушев
Аз ҳамин сабаб ҳамаи иштироккунандагони хусусии мулоқоти оид ба Афғонистон дар Деҳлӣ ба мутобиқ намудани ҷидду ҷаҳди якҷоя дар самти Афғонистон розӣ шуданд.
"Котибони шӯроҳои амниятӣ изҳори пуштибонии қотеъона аз Афғонистони сулҳомез ва босуботро баён карданд. Онҳо эҳтиром ба истиқлолият ва тамомияти арзии давлатро таъкид карданд. Мо дар мавриди ҳамоҳангии наздики давлатҳоямон дар самти Афғонистон ба мувофиқа расидем", - афзуд Патрушев.
Вай ҳамчунин қайд кард, ки аҳамияти расонидани кумаки фаврии башардӯстона ба мардуми Афғонистон таъкид шудааст. Иштирокдорони ин нишасти амниятӣ таъкид карданд, ки СММ дар ҳалли вазъияти Афғонистон нақши марказӣ мебозад.
Котиби Шӯрои амнияти Федератсияи Русия ба хулосае омад, ки амният ва некӯаҳволии як қатор давлатҳо аз саривақтӣ ва муассир будани ҳамкориҳо вобаста хоҳад буд.
Ёдовар мешавем, ки "Муколамаи Деҳлӣ" оид ба амнияти минтақавӣ дар Афғонистон дар пойтахти Ҳинд дар сатҳи мушовирони амнияти миллӣ баргузор шуд. Дар он намояндагони Ҳиндустон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон ширкат доштанд.
Комментарии (0)