Машқҳои шаш кишвари СААД "Бародарии пойдор - 2021": ҳадафу воситаҳо
Рӯзҳои 8-12 ноябр дар тамрингоҳи омӯзишгоҳи олии танкии Қазон машқҳои муштараки нерӯҳои дастаҷамъии СААД “Бародарии пойдор -2021” бо ҷалби низомиёни Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон – дар маҷмуъ 1800 нафар баргузор мегардад.
Ҳамчунин дар ин машқҳо 300 техникаи низомӣ, аз ҷумла ҳавопаймоҳои бомбаандози Су-34, чархболҳо низомӣ Ми-24, Ми-8 МТВ5, қувваҳо ва нерӯҳои махсус, алоқа, ҷанги электроник ҷалб шудаанд.
Нерӯҳои миллатҳои мухталиф таҳти раҳбарии генерали рус, фармондеҳи Ҳавзаи марказии низомии Русия Александр Лапин бо назардошти вазъи ноустувор дар Афғонистон бо истифода аз таҷрибаи бузурги Русия дар Сурия ва Қарабоғи Кӯҳӣ амалиёти муштараки сулҳҷӯёнаро анҷом медиҳанд.
Барои ташкили амалиёти чангии якчоя ва мухофизат намудани аҳолии осоишта аз низомиёни шаш давлат ба таври фаври гурӯҳи нерӯҳои пуриқтидор дорои низоми ягонаи идоракунӣ ташкил карда мешавад. Ҳадафҳои асосии машқҳои “Бародарии пойдор-2021” такмил додани малакаҳои фармондеҳӣ ва қӯшунҳои зертобеъ дар ҷараёни амалиёти сулҳҷӯёна мебошад.
Нерӯҳои посдори сулҳи СААД пайваста дар дидбонгоҳҳо, дар урдугоҳи гурезаҳо машқ мекунанд ва корвонҳои кӯмакҳои башардӯстонаро ҳамроҳӣ мекунанд. Ҳамчунин нерӯҳои муштарака ҳамлаи биноҳое, ки ҷангҷӯён ишғол кардаанд ва озод намудани асиргирифташудаҳоро тамрин мекунанд. Марҳилаи асосии машқҳо рӯзҳои 11-12 октябр баргузор мешавад, ва бо тамрини муҳосираи тактикии шаҳраке, ки аз ҷониби террористон забтшуда ва нобуд кардани душмани шартӣ анҷом меёбад.
Дар тамрингоҳи Қазон нерӯҳои СААД нақшаҳои гуногуни ҷавобӣ ба таҳдидҳо дар тамоми минтақаҳои Созмон - Осиёи Марказӣ, Қафқоз ва Аврупои Шарқӣ таҳия мекунанд. Як рӯз пеш фармондеҳи Ҳавзаи марказии низомӣ Александр Лапин аз афзоиши таҳдидҳои террористӣ аз тарафи Афғонистон хабар дода, ба сарбозон муроҷиат карда гуфт: “Аз мо талаб карда мешавад, ки ҳар лаҳза барои таъмини амният ва ҳифзи сулҳ дар кишварҳоямон омода бошем".
Хусусиятҳои ҷангӣ
Дар давоми тамринҳо бештар ба чархболҳо ва кувваҳои десантӣ аҳамият дода мешавад. Чархболҳои Ми-8 десантбар, дар ҳамоҳангӣ бо чархболҳои зарбзани Ми-24 фурудомадани нерӯҳои десантиро тамрин мекунанд.
Илова бар ин, халабонҳо дар ҳамроҳии корвонҳои кумакҳои башардӯстонаро низ машқ мекунанд. Чунин таҷриба метавонад барои нерӯҳои (Сулҳҷӯёна) дар Тоҷикистон, дар Қафқози Ҷанубӣ ва ҳатто Беларус, ки авзоъ дар марзҳояшон ором нест, муфид хоҳад буд.
Ба ташкили тартиботи дохилӣ дар минтақаи назорат, таъмини амнияти аҳолӣ ва инфрасохтор, зуд бартараф намудани таҳдиду қочоқи маводи мухаддир, рафъи таъсири террористону ифротгароён таваҷҷуҳи зиёд дода мешавад. Самаранокии тамоми механизми бисёрсоҳаи таъмини амнияти СААД ва аз ҷониби ҳамаи кишварҳо якҷоя таҳти фармондеҳии умумии Ҳавзаи марказии ҳарбӣ тамрин карда мешавад.
Қисми асосии нерӯҳои Русияро низомиёни воҳиди ҷудогонаи посдори сулҳи ҳавзаи марказии низомии вилояти Самара ташкил медиҳанд.
Мутахассисони рус барои нахустин бор ба ҳамкорони дигар кишварҳои узви СААД ташкили кори гузаргоҳи посдорони сулҳро дар асоси таҷрибаи Қарабоғ, инчунин воситаҳои нави техникии ҳифзи посгоҳҳои фармондеҳии “Стрелец СВ”, маҷмааи муқовимат бо паҳподҳо “Харпун-3”-ро намоиш доданд.
Таҷҳизоти олии техникӣ “Стрелетс СВ” имкон медиҳад, иншоотро шабонарӯзи назорат кунед. Гурӯҳи фаврии ҷанги электронӣ қодир аст, ки паҳподҳои душманро бо дастгоҳи зиддипаҳподии “Ҳарпун” бомуваффақият нобуд созад. Ғайр аз он, гурӯҳ ҷанги электронӣ таҷҳизоти зидди паҳподии” Силок-02” ва таҷҳизоти дидбонгоҳи истихборотӣ дурдасти “Свет-КУ”-ро истифода бурда, онро тамрин мекунад.
Воситаҳои ҷангии сатҳи амалиётӣ, стратегӣ ва тактикӣ ба як системаи ягона бо системаҳои зиддиҳавоӣ, истихборти электронӣ ва ҳарбӣ ва муҳофизати фазоии объектҳо пайваст карда шуданд.
Нерӯҳои Ҳавзаи марказии низомӣ дар соли 2021 зиёда аз 1000 техникаи нав ва муосири низомӣ, аз ҷумла ҷангандаҳои МиГ-31БМ, бомбаандозҳои Су-34, системаҳои зиддимушакии С-300ПМ2, худрави ҷангии пиёданизом (БМП-2М), тонкҳои модерншудаи Т-72B3M ва мошинҳои ҷангии "Терминатор", комплексҳои зиддитанкии "Штурм-С" ва ғайра тамрин мешаванд.
Дар давоми сол аз ҷониби Ҳавзаи марказии низомӣ зиёда аз 200 машқҳои гуногунҳаҷм гузаронида шуд. Тамрини навбатии воҳидҳои таъиноти махсуси ҳавзаи марказии ҳарбии “Кобалт-2021” дар тамрингоҳи Лоҳури Тоҷикистон нимаи дуюми моҳи ноябр баргузор мешавад.
Ёдовар мешавам, ки дар Тоҷикистон пойгоҳи низомии 201-уми Русия сохтори Ҳавзаи марказии ҳарбӣ ва бузургтарин пойгоҳи низомӣ дар хориҷ аз кишвар фаъолият мекунад.
Нерӯ ва стратегия
Вазъи низомию сиёсӣ дар минтақаи масъулияти СААД мушкил боқӣ мемонад. Мавчудияти ҳарбии ИМА дар Аврупо вусъат ёфта, тавоноии низомии эътилофӣ ва миллии бархе аз кишварҳои хамсояи меафзояд. Ҳамин тавр, барои Белорус ва Русия имконияти тавоноии гурӯҳи ҳамлакунандаи амрикоӣ дар Аврупо ва стратегияи нави ҳасатӣ, асоси он қудрати ҳуқуқи байналмилалист балки ҳуқуқи қудрат аст таҳдид мекунад.
Ба Тоҷикистон, пеш аз ҳама, бахши афғонистонии "Давлати исломӣ" - Вилояти Хуросон* таҳдид мекунад, ки шумораашон то 4000 ҷангҷӯ мебошад. Аксари онҳо дар вилоятҳои шимолии Афғонистон фаъоланд. Террористон кӯшиш доранд манотиқи ҳаммарз бо Тоҷикистонро таҳти назорати худ бигиранд, то пойгоҳҳои муносиб эҷод кунанд. Раҳбарони ДОИШ* нақшаҳои вуруд ба Осиёи Марказӣ, Шинҷон-Уйғури Чин ва баъзе минтақаҳои Русияро пинҳон намекунанд.
Ҳамзамон кишварҳои СААД маҷбуранд ба чолишҳо дар самтҳои Аврупои Шарқӣ, Осиёи Марказӣ ва Қафқоз вокуниш нишон диҳанд. Низоми амнияти дастаҷамъӣ ба таҳдидҳо бо тадбирҳои муштараки омодагии ҷангӣ, такмили сохтор ва тактикаи муқовимат ба таври кофӣ ва саривақт вокуниш нишон медиҳад.
Ҷузъи низомии СААД бо дарназардошти вазъи низомиву сиёсӣ дар минтақа рушд мекунад. Нерӯҳои густариш ва вокуниши сареъ аз 25 ҳазор сарбоз иборат аст ва барои нест кардани сохторҳои муҳими террористӣ, ки ба минтақаҳо ва кишварҳои алоҳида таҳдид мекунанд, омода аст. Инҳо ҷузъу томҳои сайёр ва воҳидҳои омодагии доимии нерӯҳои мусаллаҳи кишварҳои СААД мебошанд, ки бо афсарон ва аслиҳаву техникаи низомии муосир муҷаҳҳаз шудаанд.
Бо қарори сарони кишварҳои СААД аз оғози соли 2015 раҳбарии кулли СААД дар минтақаҳои амнияти дастаҷамъӣ ба фармондеҳони дахлдори стратегии ҳавзаҳои низомии нерӯҳои мусаллаҳи Русия вогузор шудааст. Стратегияи СААД то соли 2025 рушди низоми амнияти дастаҷамъӣ ва суботи минтақаро муайян мекунад, фаъолияти созмонро “дар асоси эҳтироми қатъии истиқлолият, иштироки ихтиёрӣ, баробарии ҳуқуқу ӯҳдадориҳо... тамомияти арзӣ ва соҳибихтиёрии кишварҳои узв ба танзим медарорад”.
* - ташкилоти террористии мамнӯъ дар Русия
Ба канали коршиноси низомӣ Александр Хроленко дар “Телеграм” пайвандед.
Сарчашма:sputnik-tj.com
Комментарии (0)