< Аз Теҳрон то Пекин: Чин мизбони Нишасти вузарои хориҷаи ҳамсоягони Афғонистон мешавад » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Аз Теҳрон то Пекин: Чин мизбони Нишасти вузарои хориҷаи ҳамсоягони Афғонистон мешавад

Аз Теҳрон то Пекин: Чин мизбони Нишасти вузарои хориҷаи ҳамсоягони Афғонистон мешавад
Вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт, Чин мизбони севумин нишасти вазирони умури хориҷаи кишварҳои ҳамсояи Афғонистон хоҳад буд

Саид Хатибзода, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон ахиран дар як нишасти хабарӣ аз баргузории севвумин нишасти вузарои хориҷаи ҳамсоягони Афғонистон ба мизбонии Чин хабар дод.

Вай ҳамчунин нишасти Теҳрон дар бораи вазъияти Афғонистонро муассир хонд ва гуфт, баёнияи ниҳоӣ дастоварди ин нишаст буд.

Пештар Ван И, вазири хориҷаи Чин эълом карда буд, ки Пекин метавонад даври навбатии дидорҳо бо ҳамсоягони Афғонистонро баргузор кунад.

Нишасти дувуми ҳамсоягони Афғонистон бо иловаи Русия ду ҳафта пеш дар Теҳрон баргузор шуд, ки дар он вузарои хориҷа бо нашри як баёнияи муштарак ба ташкили ҳукумати фарогир ва мубориза бо терроризм дар Афғонистон даъват карданд.

Онҳо аз “Толибон” (мамнуъ дар Тоҷикистон ва Русия) хостаанд, нагузоранд, ки аз хоки Афғонистон ба ҳамсоягонаш таҳдид шавад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий