< Чӣ қадар муҳоҷири афғон дар пойгоҳҳои низомии ИМА паноҳ бурдааст: омори Пентагон » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Чӣ қадар муҳоҷири афғон дар пойгоҳҳои низомии ИМА паноҳ бурдааст: омори Пентагон

Чӣ қадар муҳоҷири афғон дар пойгоҳҳои низомии ИМА паноҳ бурдааст: омори Пентагон
Ҷон Кирбӣ, сухангӯи вазорати дифои Амрико гуфт, ки аз ин шумор 6,689 нафараш аллакай аз тамоми расмиёти зарурӣ барои иштирок дар барномаи кӯчдиҳӣ ба шаҳрҳои Амрико гузаштаанд.

Вай гуфт, беш аз 53 ҳазор паноҳҷӯёни афғон дар пойгоҳҳои низомии Амрико қарор доранд.

“Дар ИМА зиёда аз 53 хазор нафари онхо хастанд. 53 157 гуреза дар ҳашт пойгоҳи низомии Иёлоти Муттаҳида қарор доранд, ки 6 689 нафари онҳо аллакай тамоми расмиёти заруриро барои ширкат дар барномаи кӯчдиҳӣ ба шаҳрҳои Амрико гузаштаанд. Илова бар ин, беш аз 3 ҳазор афғон дар пойгоҳҳои ИМА дар минтақаи масъулияти Фармондеҳии марказӣ, 463 нафари дигар дар пойгоҳҳо дар Аврупо қарор доранд.

Ба навиштаи рӯзномаи "Вашингтон Пост", аз 17 августи соли ҷорӣ беш аз 60 ҳазор афғон аз ҷумлаи онҳое, ки дар гузашта ба нерӯҳои амрикоӣ ҳамкорӣ мекарданд, ба Амрико интиқол дода шудаанд. Рӯзи 7 октябр Пентагон хабар дод, ки ҳукумати Амрико хуруҷи шаҳрвандони Афғонистон ба Амрикоро аз сар гирифтааст.

Гурӯҳи “Толибон” (мамнӯъ дар Русия) амалиёти густурдаро рӯи нерӯҳои ҳукуматӣ дар Афғонистон пас аз эълони тасмими Амрико дар бораи хуруҷи нерӯҳои мусаллаҳи худ аз ин кишвар оғоз намуданд. Рӯзи 15 август ҷангҷӯёни ин гурӯҳ бидуни ҷанг вориди Кобул шуданд.

Дар ҳамин ҳол, Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури ин кишвар аз вазифааш истеъфо дод ва кишварашро тарк кард. Рӯзи 6 сентябр “Толибон” аз назорат бар тамоми қаламрави Афғонистон эълон карданд. Ҳамзамон намояндагони ин гурӯҳ рӯзи 7 сентябр ҳайати ҳукумати муваққатро эълон карданд, ки то ҳол аз ҷониби ҳеҷ кишваре эътироф нашудааст.





Сарчашма:sputnik-tj.com

Комментарии (0)

Оставить комментарий