< Ҷамъоварии маблағ барои истифодаи нерӯи барқ зиёд шуд: Омори мақомот » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Ҷамъоварии маблағ барои истифодаи нерӯи барқ зиёд шуд: Омори мақомот

Ҷамъоварии маблағ барои истифодаи нерӯи барқ зиёд шуд: Омори мақомот
Дар маҷмуъ ҷамъоварии маблағи барои истифода нерӯи барқ дар Тоҷикистон дар соли гузашта 93,6 фоизро ташкил додааст

Дар маҷмуъ дар Тоҷикистон дар соли гузашта ҷамъоварии маблағ барои истифодаинерӯи барқ 93,6 дарсадро ташкил дод, иттилоъ додааст вазорати энержӣ ва захоири обии Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, барои истифодаи нерӯи барқ 3 миллиарду 113,6 миллион сомонӣ (275,5 миллион доллар) ворид шудааст, ки нисбат ба соли 2020 (2 миллиарду 728,5 миллион сомонӣ) 385,1 миллион сомонӣ ё 14,1% бештар аст.

Манбаъ яке аз сабабҳои афзоиши ҷамъоварии маблағ барои истифодаи нерӯи барқро дар пурзӯр кардани назорат аз болои кори низоми биллингӣ, инчунин таҳкими идоракунии корпоративӣ ва ҷорӣ намудани усулҳои муосири хизматрасонӣ ба муштариён мебошад.

Манбаъ қаййд кардааст, ки айни замон дар асоси технологияҳои муосир (барномаҳои биллингӣ), ки дар соҳа татбиқ мешаванд, ирсоли СМС ба муштариён дар бораи нишондиҳандаҳои ҳисобкунакҳо, истисфоодаи нерӯи барқ, пардохт ва бақияи он пас аз бақайдгирии электронӣ ё пардохт анҷом дода мешавад, аз шаффофият ва дуруст ҳисоб кардани кувваи барқ электрики шаҳодат медиҳад.

Ҳамин тавр, хизматрасонӣ ба сатҳи нав баромадааст.

Айни замон Вазорати энергетика бо дигар сохторҳо барои ҷорӣ намудани низомҳои электронии идоракунии энергетикӣ дар саросари кишвар бо истифода аз технологияҳои муосир кор бурда истодааст.

Комментарии (0)

Оставить комментарий