< ВКД Қирғизистон дар робита ба муноқишаи марзӣ парвандаи ҷиноӣ боз кард » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

ВКД Қирғизистон дар робита ба муноқишаи марзӣ парвандаи ҷиноӣ боз кард

ВКД Қирғизистон дар робита ба муноқишаи марзӣ парвандаи ҷиноӣ боз кард
Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон шарҳи худро дар бораи ҳодисаҳо дар марз гуфт

Аз рӯи далели ҳодисаи дар деҳаи наздисарҳадии Кӯк-Тош рухдода тибқи моддаи "Ҷиноёт зидди сулҳ"-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Қирғизистон парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Дар ин бора Sputnik Қирғизистон бо такя ба дафтари матбуоти ВКД хабар медиҳад.

Дар иттилоияи вазорат гуфта мешавад, ки рӯзи 27 январ, тахминан соати 18:00 дар қитъаи таъйиднашудаи марзии байни деҳаи Кӯк-Тоши ноҳияи Бодканди Қирғизистон ва деҳаи Самониёни ноҳияи Исфараи Тоҷикистон, марзбонони тоҷик қитъаи роҳи Ӯш-Исфана ва шоҳроҳи Исфара-Ворухро бастанд. Марзбонони қирғиз аз ҳамкасбони худ хостаанд, ки бозистанд.

Дар ҷараёни музокирот намояндагони мақомоти маҳаллӣ ва ниҳодҳои қудратии ду кишвар ба мувофиқа расиданд, ки корҳои сохтмонӣ анҷом дода шаванд ва роҳ боз шавад.

"Аммо тақрибан соати 19:30 марзбонони Тоҷикистон бар хилофи созишномаҳои байналмилалӣ аз силоҳи оташфишони вазнин истифода карда, ба қитъаҳои Чир-Добо, Қум-мазор, Даҳмоҳ, деҳаи Кӯк-Тош, ки дар он шаҳрвандони оддӣ зиндагӣ мекунанд, инчунин ба мавзеи Торт-кочо дар деҳаи Орто-Боз ва бинои қисми ҳарбии 707-и Қӯшунҳои дохилии ВКД Қирғизистон ҳамла кардаанд", - омадааст дар шарҳи ВКД Қирғизистон.

Ба иттилои Вазорат ҳолатҳои изтирорӣ, манзилҳои сокинони маҳаллӣ ва бинои қисми низомии рақами 707 осеб дида, чанд тан аз низомиён ва як сокини маҳаллӣ ҷароҳатҳои бардошта, ба бемористони вилояти Бодканд мунтақил шудаанд.

Ба ҷабрдидаҳо ташхиси судӣ-тиббӣ таъин карда шудааст.

Муноқишаи марзӣ

Ёдовар мешавем, рӯзи 27-уми январ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҳодисаи дигар рух дод, ки боиси даргирии низомиён шуд.

Тибқи иттилои расмии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, он тақрибан соати 17:20 ба вақти маҳаллӣ оғоз шудааст.

Як гурӯҳи шаҳрвандони ношинос аз қаламрави Қирғизистон дар ҳудуди 50 нафар аз сокинони шӯрои деҳаи Оқсойи вилояти Бодканд мошини як шаҳрванди Тоҷикистонро дар болои пули назди рустои Хоҷаи Аъло иҷборан боздоштанд.

Мошин ба деҳаи Сомониёни ноҳияи Исфара рег мекашонд. Ҳамааш аз партоби санг оғоз шуда, баъдан муноқиша ба тирпарронии мусаллаҳона табдил ёфт.

Дар ҳамин ҳол, Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон баста шудани қисмате аз шоҳроҳи Бодканд-Исфанаро сабаби муноқиша донистааст.

Дар Бишкек иддао доранд, ки оташро ҷониби Тоҷикистон боз кардааст.

Душанбе низ дар навбати худ Қирғизистонро ба истифода аз силоҳи миномётӣ аз ҷумла зидди аҳолии осоишта муттаҳам кард.

Тоҷикистон ҳамчунин гуфт, ҳавопаймоҳои бесарнишини Қирғизистон ҳарими ҳавоии Тоҷикистонро вайрон кардааст.

Дабири кулли СПАД Станислав Зас дар бораи муноқишаизҳори назар кард.

Вай бо намояндагони ҳарду ҷониб телефонӣ суҳбат карда, хостааст, ҳарчӣ зудтар тирпарронӣ қатъ карда, низоъ тавассути музокирот ҳал кунанд.



Комментарии (0)

Оставить комментарий