< КДАМ Тоҷикистон: вазъ дар марз ором, сабабҳои муноқиша таҳқиқ мешавад » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

КДАМ Тоҷикистон: вазъ дар марз ором, сабабҳои муноқиша таҳқиқ мешавад

КДАМ Тоҷикистон: вазъ дар марз ором, сабабҳои муноқиша таҳқиқ мешавад
Мақомоти тоҷикистон аз охирин лаҳазоти вазъи марз хабар доданд

Раёсати марзбонии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот гуфтааст, ки вазъ дар марз бо Қирғизистон ором аст.

Тибқи изҳороти КДАМ, сабабу омилҳои муноқишаи мусаллаҳонаи сарҳадӣ аз ҷониби комиссияи муштараки сохторҳои дахлдори ҳар ду ҷониб мавриди таҳқиқ қарор дорад.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо баъди баррасиву муҳокимаи муноқишаи мусаллаҳонаи сарҳадӣ ба чунин мувофиқа расиданд, ки оташбас эълон гардида, то соати 08:00 дақиқаи санаи 28 январи соли 2022 тамоми қувваю воситаҳои иловагӣ ва техникаҳои ҷангӣ аз хати сарҳади давлатӣ ба мавқеи доимии қарордошташон баргардонида шаванд.

Ин мувофиқат рӯзи 28 январи соли 2022, дар пайи гуфтугӯи дусоатаи раҳбарони вилоятҳои Суғду Ботканд соати 01.00 дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Сурхи шаҳри Исфара вохӯрии гурӯҳи кории мақомотҳои салоҳиятдори ҷониби Тоҷикистону Қирғизистон баргузор гардид ҳосил шуд.

Ба иттилои расмӣ дар пайи муноқиша аз ҷониби Тоҷикистон 10 нафар захмӣ гардиданд, ки аз онҳо 6 нафар низомӣ ва 4 нафар сокинони мулкӣ мебошанд. Ҳамчунин, 2 нафари дигар фавтидаанд.

Ёдовар мешавем, рӯзи 27-уми январ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҳодисаи дигар рух дод, ки боиси даргирии низомиён шуд.

Тибқи иттилои расмии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, он тақрибан соати 17:20 ба вақти маҳаллӣ оғоз шудааст.

Як гурӯҳи шаҳрвандони ношинос аз қаламрави Қирғизистон дар ҳудуди 50 нафар аз сокинони шӯрои деҳаи Оқсойи вилояти Бодканд мошини як шаҳрванди Тоҷикистонро дар болои пули назди рустои Хоҷаи Аъло иҷборан боздоштанд.

Мошин ба деҳаи Сомониёни ноҳияи Исфара рег мекашонд. Ҳамааш аз партоби санг оғоз шуда, баъдан муноқиша ба тирпарронии мусаллаҳона табдил ёфт.

Дар ҳамин ҳол, Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон баста шудани қисмате аз шоҳроҳи Бодканд-Исфанаро сабаби муноқиша донистааст.

Дар Бишкек иддао доранд, ки оташро ҷониби Тоҷикистон боз кардааст.

Душанбе низ дар навбати худ Қирғизистонро ба истифода аз силоҳи миномётӣ аз ҷумла зидди аҳолии осоишта муттаҳам кард.

Тоҷикистон ҳамчунин гуфт, ҳавопаймоҳои бесарнишини Қирғизистон ҳарими ҳавоии Тоҷикистонро вайрон кардааст.

Дабири кулли СПАД Станислав Зас дар бораи муноқишаизҳори назар кард.

Вай бо намояндагони ҳарду ҷониб сӯҳбати телефонӣ анҷом дода, хостааст, ҳарчӣ зудтар тирпарронӣ қатъ карда, низоъ тавассути музокирот ҳал кунанд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий