Тоҷикистон расман теъдоди фавтидагону захмиёни муноқишаи марзиро эълон кард
Дар пайи муноқишаи марзии ахир ду шаҳрванди Тоҷикистон ҷони худро аз даст додааст
Хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон расман теъдоди захмиёну фавтидагонро нашр кард.
Дар натиҷаи низои сарҳадӣ аз ҷониби Тоҷикистон 10 нафар захмӣ гардиданд, ки аз онҳо 6 нафар низомӣ ва 4 нафар сокинони мулкӣ мебошанд, хабар медиҳад маркази матбуотии хадамоти марзбонии КДАМ.
Ҳамчунин, 2 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон – Туйчиев Обидҷони 36-сола, сокини ҷамоати деҳоти Хоҷаи Аъло бар асари таркиши тири миномети низомиёни Қирғизистон дар ҳавлияш ва Шарипов Абдулатиф Рафиевичи 58-сола, ронандаи шуъбаи ёрии аввалияи тиббии беморхонаи шаҳри Исфара ҳангоми наҷоти шаҳрвандони мулкии деҳаи Хоҷаи Аъло зимни зарбаи гулӯлаи минамёти ҷониби Қирғизистон ба ҳалокат расиданд.
Дар пайи муноқиша шаби 28 январи соли 2022, соати 01.00 дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Сурхи шаҳри Исфара вохӯрии гурӯҳи кории мақомотҳои салоҳиятдори ҷониби Тоҷикистону Қирғизистон баргузор гардид.
Ҷонибҳо баъди баррасиву муҳокимаи муноқишаи мусаллаҳонаи сарҳадӣ ба чунин мувофиқа расиданд, ки оташбас эълон гардида, то соати 08:00 дақиқаи санаи 28 январи соли 2022 тамоми қувваю воситаҳои иловагӣ ва техникаҳои ҷангӣ аз хати сарҳади давлатӣ ба мавқеи доимии қарордошташон баргардонида шаванд.
Айни замон вазъият дар сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон муътадил буда, сабабу омилҳои муноқишаи мусаллаҳонаи сарҳадӣ аз ҷониби комиссияи муштараки сохторҳои дахлдори ҳар ду ҷониб мавриди таҳқиқ қарор дорад.
Ёдовар мешавем, рӯзи 27 январи соли 2022 тахминан соати 18:40 дар чорроҳаи Зарафшонӣ ва маҳаллаи Сомониёни ҷамоати деҳоти Чоркуҳи шаҳри Исфара байни сарҳадбонони Тоҷикистон ва Қирғизистон муноқишаи мусаллаҳона ба амал омад.
Комментарии (0)