< Корманди ҳукумати шаҳри Исфара захмӣ шуд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Корманди ҳукумати шаҳри Исфара захмӣ шуд

Корманди ҳукумати шаҳри Исфара захмӣ шуд
Як корманди ҳукумати шаҳри Исфара низ дар пайи муноқишаи марзӣ тир хӯрдааст

Некрӯз Хоҷаев, ҳуқуқшиноси ҳукумати шаҳри Исфара аз тири марзбонони қирғиз захм бардоштааст.

Аз беморхонаи марказии шаҳр Хоҷаев аз китфаш тир хӯрдааст.

Гуфта мешавад, номбурда шом ҳамроҳ бо ҳайати ҳукумат ба ҷоҳи ҳодиса, ки муноқиша миёни сокинон идома дошт рафт.

Гуфта мешавад, теъдоди захмиён ба 13 тан мерасад, ки аз он 11 нафараш низомиёнанд. Табибон танҳо дараҷаи захми як нафари онҳо вазнин арзёбӣ кардаанд.

Манбаъ мегӯяд, низомиёни Қирғизистон дар куҳҳо ҷобаҷо шудаанд ва аз силоҳҳои вазнин истифода мекунанд ва аз чор тараф тирборон доранд.

Ӯ гуфт, задухӯрд дар маҳаллаҳои Лангар, Хоҷаи Аъло ва Сомониён сурат гирифт.

Ёдовар мешавем, ки шоми 27 январ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон боз даргирӣ рух дод.

Бино ба маълумоти пешакӣ, ошӯб ба далели сангборон кардани мошини шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҷониби Қирғизистон аз марзи сарҳадӣ сар задааст.

Намояндагони мақомоти ҳарду кишвар ба ҷои ҳодиса рафтанд. Пас аз задухӯрд ва сангпартоӣ ба сӯи ҳамдигар, ки дар ҷараёни он чанд нафар захмӣ шуданд, мақомоти интизомӣ барои пароканда кардани издиҳом ба ҳаво тирандозӣ карданд.

Ҳамин тавр, муноқиша миёни сокинон ба тирпарронӣ миёни марзбонон печид.

Ҷониби Қирғизистон сокинони манотиқи ҳаммарз бо Тоҷикистонро ба ҷои амн интиқол медиҳад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий