Гаспарян: Чаро муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 30 сол боз поён намеёбад: видео
Вазъият боз дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон боз муташанниҷ гашт. Чаро ин мушкил 30 сол боз ҳал намешавад, шарҳ дод сиёсатшинос Армен Гаспарян
Сиёсатшинос Армен Гаспарян мегӯяд, тайи 30 сол пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ Тоҷикистону Қирғизистон натавонистаанд масъалаи аломатгузории марзро ҳал кунанд.
Ба гуфтаи ӯ, баҳс тақрибан сеяки тамоми марзи Тоҷикистону Қирғизистонро ташкил медиҳад.
Аз сабаби номуайянии сарҳадҳо сокинони маҳаллии ҷумҳуриятҳо доимо душвориҳо мекашанд: дастраси ба чарогоҳ, об, роҳ.
Гаспарян таъкид кард, ки талафоти иқтисоӣ аз вазъияти мавҷуда хеле калон аст.
"Инро бо кадом роҳе ҳал кардан лозим аст. Аммо ҳар дафъа бо ягон сабаб ҳамааш аз тирпарронӣ оғоз мешавад. Ва аксар вақт ин тирпарронӣ аз силоҳ аст, ки аслан марзбонон наметавонанд онро дошта бошанд", - қайд кард сиёсатшинос.
Гаспарян вазъиятро дарди абадӣ номид.
"Агар шумо талафоти иқтисодиро аз ин амали беист 30-сола ҳисоб кунед, бисёриҳо дар ҳайрат хоҳанд шуд", - мегӯяд сиёсатшинос.
Сиёсатшинос чунин мешуморад, ки кишварҳоро ба гуфтушунид маҷбур кард, ки ба муноқишаҳо хотима гузоранд.
Комментарии (0)