Тағйироти кадрӣ дар Вазорати кишоварзии Тоҷикистон: вазири нав кист?
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон зимни тағйироти кадрӣ роҳбарияти Вазорати кишоварзии Тоҷикистонро таъйину барканор кардааст
Саъдӣ Каримзода, вазири нави кишоварзии Тоҷикистон таъйин шудааст.
Ӯ дар ин мақом, Сулаймон Зиёзодаро иваз кард, ки ҳамакнун муовини сарвазири Тоҷикистон таъйин шудааст.
Дар ин бора як манбаи Sputnik Тоҷикистон аз вазорати кишоварзии кишвар хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, Саъдӣ Каримзода бо фармони раисиҷумҳури кишвар аз 26 январ ба ин мақом расидааст.
Ӯ гуфт, то расидан ба ин мақом Каримзода вазифаи муовини вазири кишоварзиро ба зима дошт.
Каримзода Саъдӣ Ғафор 12 августи соли 1969 дар шаҳри Душанбе дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудааст, хатмкардаи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон аст.
Ӯ ҳамзамон унвони номазади илмҳои биологияро дорад ва дар АМИТ низ кор кардааст.
Бинобар қобилияти забондонияш аз соли 1998 ҳамчун аграном дар намояндаи ташкилоти ғайридавлатии Олмони "Агроаксияи Олмон" то соли 2007 ифои вазифа намудааст.
Солҳои 2007 то 2011 дар Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA) ба ҳайси ҳамоҳангсози барномаҳо кор карда, аз сентябри соли 2011 то апрели 2012 дар вазифаи мушовири байналмилалӣ "Маркази идораи лоиҳа оид ба ҳалли қарзҳои хоҷагиҳои пахтакор ва рушди устувори соҳаи пахтакорӣ" фаъолият кардааст.
Бо қарори ҳукумати аз 31 августи соли 2012 дар вазифаи директори Муассисаи давлатии маркази идораи лоиҳаи "Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо" кор карда, аз 27 январи соли 2020, муовини аввали вазири кишоварзии Ҷумхурии Тоҷикистон таъин шуда буд
Комментарии (0)