Дар фурудгоҳи Пулково ҷасади муҳоҷири 26 - солаи тоҷик ёфт шуд: гулӯяшро буриданд
Муҳоҷири кушташуда таксирон буд ва ҷасадашро низ аз дохили мошини ӯ пайдо карданд
Дар фурудгоҳи Пулковои шаҳри Санкт-Петербург ҷасади як ронандаи таксӣ пайдо шуд, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба манбааш дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ.
Манбаъ меафзояд, муҳоҷири кушташуда шаҳрванди Тоҷикистон буда, ҳамагӣ 26 сол умр доштааст.
Ҷасади тоҷикистонӣ дар ҳоле пайдо шуд, ки ҳалқаш бурдида шуда, ҳамзамон чанд зарби корд низ дар ҷасадаш ҳувайдо буд. Феълан маълум нест, ин муҳоҷир дар чӣ ҳолат кушта шуд, вале ҷасади беҷонаш дар баромадгоҳи пандуси фурудгоҳи мазкур дар дохили мошин қарор дошт.
Тибқи фарзияи пешакӣ, марҳум мусофиронро ба фурудгоҳ овардааст.
Тибқи иттилои Кумитаи тафтишоти Русия, муҳоҷири кушташуда охири моҳи декабри соли 2021 бо мақсади кор ба Федератсияи Русия омада, патент гирифтааст, аммо дар қайди мақомоти муҳоҷират набудааст.
Дар ҳамин ҳол, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аллакай наворҳои дурбинҳои видеоиро тафтиш кардаанд. Онҳо сабт кардаанд, ки пеш аз марг дар мошин якбора се мусофир қарор доштаанд.
Эҳтимол меравад, дар мошин миёни мардон муноқиша рух дод, ки баъдан ба куштор анҷомидаст.
Гуфта мешавад, ҳоло дар робита ба ҳодисаи куштор, бар асоси қисми 1 моддаи 105 - и Кодекси ҷиноятии ин кишвар парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.
Дар ҳамин ҳол, сафорати Тоҷикистон дар Русия феълан ин ҳодисаро шарҳ надодааст.
Комментарии (0)