< Аҳмадзода ба зердастонаш дастуру супоришҳои президентро расонд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Аҳмадзода ба зердастонаш дастуру супоришҳои президентро расонд

Аҳмадзода ба зердастонаш дастуру супоришҳои президентро расонд
Раиси вилояти Суғд тамоми дастуру супоришҳое, ки Эмомалӣ Раҳмон зимни маҷлиси васеи ҳукуматӣ ибро дошт, ба зердастони худ расонд

Раиси вилояти Суғд, Раҷаббой Аҳмадзода машварати корӣ доир намуд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти раиси ин вилоят.

Гуфта мешавад, дар машварати корӣ бо ҳзури раиси вилоят, муовинони ӯ, роҳбари дастгоҳи раиси вилоят, роҳбарони тамоми сохтор ва раисони шаҳру навоҳӣ иштирок намуданд.

Раиси вилоят бо ёдоварӣ аз дастуру супоришҳои Эмомалӣ Раҳмон раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки рӯзи 20 январ дар маҷлиси васеи Ҳукумат баён гардида буд, дар назди масъулин вазифагузорӣ намуд.

Раиси вилоят супориш дод, ки бо назардошти эълон шудани панҷсолаи рушди саноат бояд аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода шавад.

Ин манбаъ афзуда, саноатчиёни вилоят як сол қабл истеҳсоли маҳсулоти саноатиро беш аз 20 миллиард сомонӣ расонданд.

Ёдовар мешавем, рӯзи 20 январ, Эмомалӣ Раҳмон нахустин ҷаласаи васеи ҳукумат дар соли ҷорӣ баргузор кард ва вазифаҳои асосиро муайяну тағйироти дар пешистодаро эълон кард.

Ҳамин тариқ, дар нахустин ҷаласаи васеи соли равон раисҷумҳур натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишварро барои соли 2021 муайян намуд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий