Дар Владикавказ духтари тоҷикро ройгон ҷарроҳӣ карданд
Мавлуда ҳамагӣ 13 сол дошта, бо мушкилӣ роҳ мерафт ва бо дастон ҳаракат мекард. Бо кӯмаки як табиб ва ҷарроҳ дар Владикавказ ройгон ҷарроҳӣ шуда, ҳоло ба по хестааст.
Навори ҳаракати мушкили ӯ ва баъди ҷарроҳиву ба пой хестан дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук расонаӣ шуд.
Дар навор гуфта мешавад, ки Мавлудаи 13-соларо намояндагони яке аз бунёдҳои хайрия ба назди ҷарроҳ Казбек Кудзаев фиристодаанд. Дарҳол аз ҷониби ин ҷарроҳ хостори ройгон ҷарроҳӣ кардани духтарча шудадааст.
Хароҷооти парвози ин хонаводаро ба Владикавказ як табиби Тоҷикистон пардохт кардааст, аммо аз ӯ ном гирифта нашудааст.
https://www.facebook.com/romka.bern/videos/304990958215710
Мавлуда ва падару модараш тақрибан як ҳафта пеш, рӯзи 13 январ ба Осетия парвоз кардаанд, ки аллакай духтарашон ҷарроҳӣ шуда буд. Ба гуфтаи Казбек Кудзаев, ҷароҳат хеле душвор ва беш аз 4 соат давом кард. Баъд аз се рӯзи ҷарроҳӣ духтар ба пой рост шудааст.
“То ҳол дард мекунад, аммо бояд гузарад. Мавлуда бояд барқарорсозӣ шавад, вай ҳадди аққал як моҳи дигар дар Владикавказ мемонад, то он даме, ки дастгоҳҳои Илизаров хориҷ карда шаванд”-мегӯяд табиб.
Айни замон волидайни Мавлуда дар Владикавказ ҳуҷраеро иҷора гирифтаанд.
Ба гуфтаи ҷарроҳ Казбек Кудзаев, дар оянда духтарак бидуни кумак роҳ гашта метавонад.

Комментарии (0)