< Бобои Геннадий аз Белорус бо дучарха ба Тоҷикистон рафтанист » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Бобои Геннадий аз Белорус бо дучарха ба Тоҷикистон рафтанист

Бобои Геннадий аз Белорус бо дучарха ба Тоҷикистон рафтанист
Бобои Геннадий ният дорад, бо дучарха кишварҳои пасошӯравӣ, аз ҷумла Тоҷикистонро давр занад, хабар дод телевизиони байнидавлатии "МИР".

"Ният дорам, аз кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Гурҷистон, Арманистон ба воситаи дучарха боздид намоям", - иҳор дошт Пазанкевич.

Ӯ афзуд, дар ҳоли ҳозир амалӣ кардани ин нияташ ғайриимкон мебошад, чун пандемия кишварҳои ҷаҳонро фаро гирифту бархе марзҳо ҳанӯз баста мебошанд.

Зикр шудаст, ки Бобои Геннадий то ҳол беш аз 17 кишвари ҷаҳонро давр задаст. Ӯ нақшаи сайри давродаври заминро низ дар сар мепарварад.

Ӯ нақл мекунад, ки сафарҳояшро ба воситаи одитарин дучархаи "Аист" анҷом дода, то ба Владивосток расида буд. Дар сафарҳои минбаъда мегӯяд, ки аз дучархаи муосири суръатдор кор хоҳад бурд.

Бобои Геннадий, ки дар гузашта ба ҳайси рассом дар осорхонаи Жодина фаъолият доштааст, феълан низ дар вақтҳои холигӣ пайкараи мавҷудоти гуногунро омода месозад. Таъкид шудааст, ки пайкараҳои сохтаи Пазанкевич дар тамоми қаламрави Белорус маъруф буда, даҳҳо адади он дар осорхонаҳо нигоҳдорӣ мешаванд.


Сарчашма:sputnik-tj.com

Комментарии (0)

Оставить комментарий