ОМОДАГӢ БА БАҲОР. Дар шаҳри Турсунзода беш аз 55 ҳазор пиёзаки лола шинонида шуд
Дар шаҳри Турсунзода барои омодагӣ ба озмуни «Сайри гули лола» беш аз 55 ҳазор пиёзаки лола дар мавзеъҳои вобасташуда шинонида шуданд, иттилоъ доданд маркази матбуоти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Чунин корҳо тибқи нақша дар ҷамоату деҳот, корхонву ташкилоти шаҳр бомаром идома доранд. Дар баробари ин, барои омода намудани мавзеъҳои сабзазори худуди шаҳру шоҳроҳ ва заминҳо ба мавсими нави сабзазоркунӣ аз тарафи масъулин тибқи талаботи агротехникӣ корҳои ғизодиҳӣ ва нармкунӣ иҷро гардида истодаанд.
Ҷараёни иҷрои корҳои ободонию сабзазоркунӣ зери назорати мутахассисони шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Турсунзода қарор дорад. Ҷиҳати иҷрои босифати нақшаи сабзазоркунӣ дар мавсими нави хуррамгардонии мавсими имсола ва омода намудани қитъаҳои нав корбарӣ ҷараён дорад.
Ёдовар мешавем, ки дар мамлакат тӯли се сол озмуни «Сайри гули лола» дар сатҳи ҷумҳуривӣ доир гардид. Ҳадаф аз баргузории он, пеш аз ҳама, баланд бардоштани сатҳи донишу маърифат, фарҳангу ҷаҳонбинӣ, бедор намудани завқи зебоипарастӣ дар зеҳни ҳар сокини мамлакат, ободу зебо намудани ҳар хона, кӯча, маҳалла, деҳа, деҳот, шаҳрак, ноҳия, шаҳр, вилоят ва ҷумҳурӣ мебошад.

Комментарии (0)