Прапоршик лейтенантро корд зад: Прокуратура муноқишаи низомиён дар қисми ҳарбиро шарҳ дод
Суди ҳарбии гарнизони шаҳри Душанбе алайҳи прапоршике бо ҷурми корд задани лейтенанте ҳукм содир кардааст
Прокуратураи ҳарбии гарнизони Душанбе қазия муноқиша ва кордзанӣ миёни прапоршик ва лейтенантро шарҳ дод.
Ба иттилои манбаъ, муноқиша миёни низомиён Сангалиев Шоҳрух ва лейтенанти калон Ҳофизи Саймурод низомиёни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, сар задааст.
Гуфта мешавад, Сангалиев Шоҳрухи 23- сола, сардори нуқтаи алоқаи қисми ҳарбии 45045 КҲФ буда, зимни сафари хизматӣ ба қисми низомии 45095 бо Ҳофизи Саймурод муноқиша кардааст.
"Тафтишоти пешакии парвандаи ҷиноӣ нишон додааст, ки Сангалиев Ш.Р. зимни иҷрои вазифаҳои хизмати ҳарбӣ 22-июни соли 2021 ба сафари хизматӣ ба қисми ҳарбии 45095 КҲФ ва МГ назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристонида шуда, дар ин давом даст ба содир намудани ҷинояти вазнини қасдона задааст", - афзудааст дафтари матбуотии Прокуратураи генералии кишвар.
Муноқиша миёни ин афроди низомӣ моҳи августи соли 2021 дар дар деҳаи Сароби ҷамоати деҳоти Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ сурат мегирад.
Дар рафти муноқиша прапоршик Сангалиев бо мақсади расонидани зарари вазнин ба саломатӣ бо корди бо худ доштааш ба тарафи чапи мавзеи камари лейтенантӣ калон Ҳофизи Саймурод як зарба зада, ба ӯ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ барои ҳаёт хавфнок расонидаааст.
ДАр робита ба ин, суди ҳарбии гарнизони шаҳри Душанбе, судшаванда Сангалиев Шоҳрухро дар содир намудани ҷинояти бо моддаи 110 қисми 1-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, ӯро маҳкум кардааст.
Ин банди Кодекси ҷиноии кишвар бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол ҷазоро пешбинӣ мекунад.
Комментарии (0)