< Тоҷикистон қирғизистонии боздоштшударо баргардонд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Тоҷикистон қирғизистонии боздоштшударо баргардонд

Тоҷикистон қирғизистонии боздоштшударо баргардонд
Хадамоти марзбонии Қирғизистон тавзеҳ додаст, ки беш аз ду моҳи охир сокини вилояти Бодканд дар боздошт дар қаламрави Тоҷикистон қарор дошт.

Ба иттилои манбаъ, 1 ноябри соли 2022 дар роҳи Арка - Борбордуқи ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканд аз ҷониби мақомоти тоҷк шаҳрванди 30-солаи Қирғизистон боздошт гардид.

Мақомоти марзбонӣ афзуданд, дар пайи чорабиниҳои андешидашуда шаҳрванди Қирғизистон 10-уми январ тариқи гузаргоҳи "Кулунду-автодорожний" ба Ватан баргардонда шуд.

Ин дар ҳолест, ки қаблан низ Тоҷикистон шаҳрвандони Қирғизистонро, ки бо иттиҳоми нақзи убури марз боздошт гардида буданд, ба Ватан баргардонда буд.

Аз ҷумла ахиран марзбонҳои тоҷик ба ҳамтоёни қирғизашон се шаҳрвандро доданд, ки яке аз онҳо 1 ноябр ва ду зан 12 ноябр боздошт гардида буданд.

Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки ҳудуди 520 километри он аломатгузорӣ шуда, боқимонда ҳанӯз дақиқ муайян нашудааст.


Сарчашма:sputnik-tj.com

Комментарии (0)

Оставить комментарий