< Фирори муҳоҷири тоҷик пас аз эълони ҳукми ихроҷаш аз Русия » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Фирори муҳоҷири тоҷик пас аз эълони ҳукми ихроҷаш аз Русия

Фирори муҳоҷири тоҷик пас аз эълони ҳукми ихроҷаш аз Русия
Пулиси Русия ду муҳоҷир, ки яке тоҷикистонӣ ва дигаре аз Ӯзбекистон аст ҷустуҷӯ дорад.

Пойгоҳи хабарии 78.ru иттилоъ медиҳад, ки муҳоҷирон пас аз эълони ҳукми суд, ки қарори ихроҷ шудани онҳо аз Русияро дар пай дошт, рӯ ба гурез ниҳоданд.

Манбаъ меафзояд, ҳар ду муҳоҷир барои нақзи қавонини муҳоҷират айбдор дониста шуда, суд онҳоро нахуст ҷарима баст ва сипас бояд қаламрави Русияро тарк мекарданд.

"Вақте приставҳо онҳоро баъди анҷоми мурофиаи судӣ берун оварданд, онҳо фирор карданд", - омадааст дар хабар.

Зикр гардид, ки ҳар ду муҳоҷир феълан таҳти ҷустуҷӯ қарор доранд ва бо гузашти як рӯз кормандони ҳифзи ҳуқуқ онҳоро дарёфт накардаанд.

Ёдовар шудааст, чунин як ҳодиса тирамоҳи соли 2021 дар Маскав рух дода буд ва як муҳоҷир, ки баъди адои ҳукми зиндонаш мебоист аз Русия ихроҷ шавад, тавонист аз фурудгоҳи Внуково, қабл аз савор карданаш ба ҳавопаймо фирор кунад.

Ӯ ба курсии мусофири як мошине, ки дар он наздикӣ истода буд, парида савор шуд ва ронандаи мошин ҳангоми фирор як корманди пулисро ҳам пахш кард. Муҳоҷири фирориро танҳо дар пайи дар саросари Маскав ба роҳ андохтани амалиёти “Перехват” тавонистанд дастгир кунанд.



Сарчашма:sputnik-tj.com

Комментарии (0)

Оставить комментарий