< Қирғизистон аз қазияи нав дар марз бо Тоҷикистон хабар дод: Аз насби минамёт то сангзанӣ » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Қирғизистон аз қазияи нав дар марз бо Тоҷикистон хабар дод: Аз насби минамёт то сангзанӣ

Қирғизистон аз қазияи нав дар марз бо Тоҷикистон хабар дод: Аз насби минамёт то сангзанӣ
Хадамоти марзбонии Қирғизистон аз қазияи ҷадид дар марз бо Тоҷикистон хабар дода, афзуд, ки феълан вазъ нисбатан муътадил мебошад.

Ба иттилои ин ниҳод, тақрибан соати 14:30-и 25 декабр дар қисмати аломатгузоринашудаи марз дар тарафи дигари минтақаи Сойи ноҳияи Лайлак, нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар дидбонгоҳашон миномётро насб кардаанд.

Дар қисматҳои муқобили деҳоти қирғизии Дамба ва Мақсад таҷаммӯи низомиёни тоҷик ба қайдд гирифта шудааст, хабар дод Sputnik Қирғизистон аз қавли мақомоти қирғиз.

"Аллакай шом, соати 19:40 дар роҳи Душанбе - Бодканд - Исфана дар минтақаи Экитош ва Қоқтош се-чор шаҳрванди Тоҷикистон сӯи чор мошини қирғизистон санг партофтаанд. Мошинҳо осеб дидаанд, аз одамон касе ҷароҳат набардошт", - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ афзуд, ки сардори қисми марзбонии Қоқтош ба ҷои ҳодиса ҳозир шуда, се тири огоҳкунанда ба ҳаво холӣ кардаасту тоҷикистониён фирор кардаанд.

Дар пайи ин мулоқоти мақомоти марзбонии ду кишвар баргузор шуда, барои эътидоли вазъ гуруҳҳои иловагии марзбонҳо равона гардиданд. Таъкид шудааст, ки барои ҷилавгирӣ аз ташаннуҷи вазъ фармондеҳи гуруҳи марзбонии Бодканд ва сардори раёсати марзбонии минтақа дар ҷои ҳодиса қарор доранд.

Мақомоти қирғиз мегӯянд, нерӯҳои марзбонияш дар қисмати мазкур ба низоми пурзӯри хидмат гузаштаанд.

Ҷониби Тоҷикистон феълан ин қазияҳоро шарҳ надодааст, аммо дар зимни тавзеҳи қазияҳои қаблӣ изҳор дошт, ки шаҳрвандону марзбонҳои қирғиз ба иғвоангезӣ роҳ медиҳанд, ки боиси ташаннуҷи вазъ дар марз мегардад.

Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки феълан ҳудуди 520 километри он аломатгузорӣ шудааст. Ба далели номуайянӣ дар қисматҳои аломатгузоринашудаи марз баъзан танишҳо рух медиҳанд, ки бо тирпарронӣ ва марги одамон мепечанд.


Сарчашма:sputnik-tj.com

Комментарии (0)

Оставить комментарий