< ВУХ овозаҳо дар бораи паноҳандагони тоҷик дар марзи Белорусро рад кард » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

ВУХ овозаҳо дар бораи паноҳандагони тоҷик дар марзи Белорусро рад кард

ВУХ овозаҳо дар бораи паноҳандагони тоҷик дар марзи Белорусро рад кард
Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон гуфт, сару садоҳо дар бораи ҳузури паноҳҷӯёни тоҷик дар марзи Беларус ба воқеият мувофиқ нест.

Раёсати иттилоот ҳамчунин хабарҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳншуда дар бораи ҷамъ шудани муҳоҷирони тоҷик ва эҳтимоли интиқоли онҳо ба кишварҳои Аврупоро рад кард.

Қаблан дар шабакаҳои иҷтимоӣ иттилое пайдо шуда буд, ки паноҳҷӯёни тоҷик рӯзи 18-уми декабр маҷбур буданд, вориди шаҳри Гродно, воқеъ дар 15-километрии марзи Беларус бо Полша ва 30-километрии марз бо Литва шаванд.

Илова бар ин, номаи "расмӣ"-и раиси Роҳи оҳани Беларус Владимир Морозов ба номи раиси кумитаи иҷроияи шаҳри Гродно Мечислав Гой пайдо шуд, ки дар он гуфта мешавад, қатора бо 243 шаҳрванди Тоҷикистон бояд ба истгоҳи Гродно биёяд.

Сафорати Тоҷикистон дар Минск дар робита ба ин далел бо шӯъбаҳои дахлдори Беларус дар тамос шуд ва ин хабар тасдиқ нашудааст.

"Роҳи оҳани Беларус" ба кумитаи иҷроияи шаҳри Гродно чунин нома ирсол накардааст", - гуфт хадамоти матбуоти вазорати корҳои хориҷӣ.

Ёдовар мешавем, аз моҳи ноябри соли ҷорӣ дар наздикии марзи Беларус ва Лаҳистон як гурӯҳи муҳоҷирон ташкил шуда, шумори онҳо беш аз 2 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Онҳо кӯшиш карданд, ки марзро рахна кунанд, аммо ин кӯшишро нерӯҳои амниятии Лаҳистон бо кумаки техникаи вижа боздоштанд.

Ҳоло дар Беларус як маркази нақлиётию логистикӣ барои ҷойгир кардани муҳоҷирон омода шудааст ва бархе аз муҳоҷирон ба ватан бармегарданд.


Сарчашма:sputnik-tj.com

Комментарии (0)

Оставить комментарий