< СААД инфрасохтори низомии Тоҷикистонро таҳким мебахшад » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

СААД инфрасохтори низомии Тоҷикистонро таҳким мебахшад

СААД инфрасохтори низомии Тоҷикистонро таҳким мебахшад
Инфрасохтори низомии Тоҷикистон ба манфиати нерӯҳои муштараки Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ таҳким бахшида мешавад, изҳор дошт сардори Кумитаи низомии СААД, фармондеҳи Ситоди кулли артиши Русия, Валерий Герасимов.

Ӯ ин нуктаро 8 декабар дар пайи ҷаласаи Кумитаи низомии СААД, ки фармондеҳони ситодҳои кулли қувваҳои мусаллаҳи кишварҳои узвро дар бар мегирад, баён дошт.

"Самтҳои асосии фаъолияти минбаъда барои такмили иншооти низомӣ ва инфрасохтор дар қаламрави Тоҷикистон ба манфиати нерӯҳои эътилофии муштараки СААД муайян карда шуданд", - хабар додаст РИА Новости аз қавли Герасимов.

Тибқи баҳогузории сардори Ситоди кулли қувваҳои мусаллаҳи Русия ҳадафҳои гузошташуда пеши Кумитаи низомии СААД амалӣ карда шуданд.

"Натиҷаҳо бошад барои таҳкими низоми таъмини амнияти гуруҳӣ ва суботи минтақавӣ мусоидат мекунанд", - таъкид кард
Ин дар ҳолест, ки порлумони Тоҷикистон ахиран тарҳи созишнома миёни Душанбе ва Маскавро барои ташкили низоми ягонаи дифои зиддиҳавоиро тасвиб кард.

Масоили амниятӣ махсусан дар пайи тағйири сари қудрат омадани толибҳо дар Афғонистон дар маркази таваҷҷуҳ қарор гирифта, ба марзи Тоҷикистон бо ин кишвар, ки сарҳади ҷанубии СААД мебошад, диққати махсус дода мешавад.



Сарчашма:sputnik-tj.com

Комментарии (0)

Оставить комментарий